Вохурӣ бо омузгорону хонандагон

42547269_550145342107071_1882732174428340224_n

МАСТЧОҲ. Дар толори МТМУ №11-и Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии масъулини кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф бо омӯзгорону хонандагони макотиби №11 ва 26 баргузор шуд. Натиҷаҳои сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташаккули тарбияи ҳарбӣ — ватандӯстӣ, риояи ҳатмии қонунҳо ва ҷалби бештари ҷавондухтарон ба зинаи сеюми таҳсил аз мавзуъҳои асосии ин вохӯрии муфид буданд. Баромадкунандагон Дилшод Зокиров — раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, Мирзошариф Шарифов — мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, Қудратбек Сафаров — намояндаи шуъбаи маориф, Мавҷудахон Баҳодурзода — мудири бахши кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳиявӣ доир ба масоили мазкур андешаҳои худро иброз дошта, ҷавононро ба ватандӯстию хештаншиносӣ, донишомӯзӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои ҷории кишвар даъват карданд.Махсусан, маърӯзаи раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров доир ба табиати зебову мардуми ватандӯсти Бадахшон ва натиҷаҳои сафари охири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа ба иштирокчиёни вохӯрӣ таассуроти хубу муфид бахшид. Дар охир аҳли толор ба саволҳои худ аз меҳмонон ҷавобҳои дақиқу қонеъкунанда гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>