Вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон

бғ вакил

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Дар толори маҷлисггоҳи КИ “Ҷаббор Расулов” вохӯрии вакили Маҷлиси  вакилони халқи вилояти Суғд, аъзои фаъоли кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷабборов Ҷаҳонгир Юсуфҷонович бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амир иштирок ва суханронӣ намуд. Дар баромади худ Анварзода Амир қайд кард, ки Ҷабборов Ҷаҳонгир Юсуфҷонович яке аз аъзоёни фаъоли ҳизб буда, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ фаъолона иштирок менамояд. Дастгирии оилаҳои камбизоат, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва собиқадорони меҳнат яке аз иқдомҳои неки Ҷабборов Ҷ., буда, намунаи ибрати сокинони маҳал мебошад. Инчунин Ҷабборов Ҷ., дар сохта ба истифода додани бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳия ва дар иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>