Ташаббуси неки пирони барнодил

ИСФАРА. Давоми моҳи сентябри соли равон аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Исфара 210 нафар зиёд гардид. Шахсиятҳои арзанда аз ҳисоби нафақахӯрон, кормандони касбу кори гуногун, ҷавонон, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Исфара ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд. Собиқадорони меҳанат Сатторов Абдусабури 74 сола ва Мансурхон Маҷидови 71 сола баъд аз суханронии Раиси шаҳр муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин дар деҳоти Шуртанг бо фаъолон бобати дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 27 сол ва саҳми арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешрафти ҷомеаи шаҳварди ва талош ба зиндагии шоситаи мардум, хоҳиш намуданд то онҳоро ба аъзогии ин ҳизби бонуфуз қабул намоянд. Ин ташаббуси неки пирони барнодилро Раиси шаҳри Исфара муҳтарам Сиҷоуддин Саломзода дастгирӣ намуда дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбии онҳоро супоранд. Ҳангоми супоридани шаҳодатномаи ҳизбӣ ба собиқадорни меҳанат, ҷавонон ва шахсони барӯманди ин деҳа, пирони барнодил бо ифтихори баланд изҳор намуданд, ки бо дастгирии фаъолони деҳа ва фарзандонашон ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифтаанд, ки дар деҳоти Шуртанг барои ҷавонон варзишгоҳи хурди замонави бунёд хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>