Фестивал озмуни «Атласу адраси Суғд-2018»

заф

ЗАФАРОБОД. Дар Қасри фарҳангии ноҳия чорабинии тантанавӣ даври ноҳиявии Фестивал озмуни вилоятии «Атласу адраси Суғд-2018» баргузор гардид.    Фестевали мазкур бахшида ба эълон намудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои миллӣ, тарғиби сарулибос аз матои табии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, аз ҷумла атласу адрас, ки як навъ арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии бофандагӣ, фарҳанги либосдӯзии аҷдодӣ ба ҳисоб меравад ва баланд бардоштани мақому завқи либоспӯшии миллӣ, зебопарастӣ, ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон гузаронида шуд.  Дар ин чорабинии фарҳанги муовини Раиси ноҳияи Зафаробод Абдуллозода З.И, мудири кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Азизова Р, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифов Т.Т, меҳмонон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, аъзоёни ҳизб, атласбоф, дӯзандагон ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Дар Фестивал намоиши ҳамаи намудҳои либосҳое, ки аз матоъҳои атласу адраси миллӣ дӯхта шуда буданд  аз тарафи тарроҳони ноҳия ва иштирокчиёни Фестивал либосҳои миллӣ баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>