Ифротгароӣ– масъалаи ҷиддитарин дар асри XXI

Ruchka

АНДЕША. Ифротиён шахсонеанд, ки бо истифода аз дин манфиати шахсии хешро ҷуста, онро бо мақсади носолимию нопокӣ истифода мебаранд. Онҳо доир ба пиёдагардонии ҳадафҳои нопоки худ аз таълимоти дини мубини Ислом ҳарисона сӯйистифода намуда, исломро бо сиёсат  омехта, ба амалҳои нопок даст зада истодаанд. Ҳол он ки дин ҳамчун ойинаи муқаддасу пок набояд ба сиёсат вобаста ва ё омехта карда шавад. Амалҳои террористие, ки дар кишварҳои Шарқ ва дигар қишрҳои замин авҷ гирифтаанд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Ифротгароён бо кирдорҳои нохалафи хеш ҳар лаҳза тайёранд ба амалҳои террористӣ даст зада, одамони бегуноҳро ҳадафи «ҷиҳод»-и худ қарор диҳанд. Сад афсӯс, ки солҳои охир баъзе ҷавонони соддаи зудбовар фирефтаи суханони бардурӯғи бадхоҳони миллат шуда, ба ҷараёнҳои ифротгаро, гуруҳҳои террористӣ ва равияҳои номатлуб шомил шуда истодаанд. Ҳамзамон, роҳбарияти Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Конибодом ба ин масъалаи мубрами рӯз оҷилан таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ байни донишҷӯён семинару суҳбат ва вохӯриҳо ташкил намуда истодааст.  Шахсони масъул моҳияти масъаларо ба аҳли нишаст фаҳмонида, донишҷӯёнро ба зиракию ҳушёрӣ ва бештар ба мутолиаи китоб, омӯзиши касбу ҳунар, ихтироъкорӣ даъват намуданд. Соли равон наворе  бо номи «Решаҳои ноаён»-ро  ҷомеаи меҳнатии муассисаи таълимӣ доир ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ тамошо карда,   бо баҳс  андешаҳояшонро бобати  ин масъалаи муҳими рӯз иброз доштанд.  Чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки мебоист ҷавонони имрӯза, омӯзиш ва дарки фазлу ҳунарро беҳтарин шиори хеш намоянд. Зеро ҳунаромӯзӣ шахсро ба қуллаи мурод мерасонад ва барӯманд мегардонад. Ногуфта намонад, ки ҳунар асло пир ё  кӯҳна намешавад ва мавқеи худро байни мардум гум намекунад. Ҳунар боигарии ҳар як фард аст. Талаботи замони муосир ин баҳри ҷомеа тарбия намудани ҷавонони бомаърифат ва ҳунарманд аст. Ҷавононе, ки худ хислатҳои доништалабию касбомӯзиро доранд, саъй намоянд,  то ин ки  дар ҷомеаи имрӯза мавқеъ дошта бошанд. Бояд бо ахлоқи ҳамида, омӯзиши касбҳои техникию технологӣ рӯй оваранд. Чунки ҷомеаи муосир ба мутахассисони дорои қобилияти техникӣ бештар ниёз дорад. Аз ин рӯ, маъмурияти Коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом ҷиҳати пиёдагардонии нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба масъалаҳои ҷавонон ва ҷомеа, паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андешидани  чораҳои мушаххас  ҳамаҷониба кӯшиш намуда истодааст. Тавре аз Паём бармеояд: «Падару модарон, масъулони таълиму тарбия, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифадоранд, ки барои аз мактаб дур намондани  фарзандони хеш саъю талош варзанд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон ҷиддан таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Ҳамзамон ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё  намоянд.»Қайд кардан ҷоиз аст, ки дар шароити иқтисоди бозоргонӣ ҳар шахс мехоҳад ва метавонад мавқеашро дар зиндагӣ мустаҳкам намояд. Бинобар ин дониши мукаммал ва истеъдод лозим аст, ки онро ҳангоми таҳсил дар донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба даст оварад. Шахсе ки ҳисси дурандешӣ ва мулоҳизакориро дорад, дар зиндагӣ ба ягон чигел гирифтор намешавад. Масъулони тарбия кӯшиш менамоянд, ки тибқи дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро давом диҳанд. Муассисаи таълимии мо бо шуъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом  алоқаи зич дорад. Пайваста бо кормандони ин шуъба  оид ба ин масъалаи мубрами рӯз вохӯрӣ мегузаронанд. Дирӯз дар толори коллеҷ бо муовини сардори  ШВКД-и  ҶТ дар шаҳри Конибодом полковники милитсия Раҷабзода Иброҳим Собир, нозири гуруҳи кадрӣ ва кор бо ҳайати шахсии ШВКД-и ҶТ дар шаҳри Конибодом Рустамзода Рухшона Рустам доир ба “Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҳуқуқвайронкунӣ, ҷинояткорӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳӣяи  ватандӯстӣ, одоби ҳамидаи инсонӣ”  вохӯрии ҷолиб гузаронид. Дар он донишҷӯёну омӯзгорон фаъолона ибрози ақида  намуданд.    Пешниҳод менамоям, ки минбаъд ба ҷавонон ва наврасон  кинофилму намоишҳо нисбат ба ин масъалаи мубрами рӯз бештар пешкаш карда шавад. Тавре дар урфият мегӯянд шояд, ки “Хас каму ҷаҳон пок” шавад.

Ниёзматова Р.М., ҷонишини директор оид ба корҳои тарбияи

Коллеҷи технологии ба номи А. Каҳҳоров шахри Конибодом

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>