Торикиҳои андешаи Равшани Темуриён

Writing-by-Candle-Light-Background
дар ҳошияи «Чаро оғози музокироти сулҳи Франкфурт фурӯ рехт»

 Дар таърихи давлатдории Тоҷикон бисёре аз сиёсатмадороне буданд, ки давлату миллати тоҷикро то андозае ба орзуву ормонҳои неку солеҳи худ бирасониданд. Аммо вақте мо таърихро варақгардон менамоем аз ҳама қуллаи баланди давлатдории мутамадиин ва миллии тоҷикро дар давлатдории салтанати Сомониён ва баъди гузашти ҳазор сол ба замони кунунии Тоҷикистон мушоҳида менамоем. Албатта бояд ёдовар гардид, ки барои ноил гардидан ба сохтмони давлати милливу озод нақши шахсиятҳои миллатдӯсту бовиқор аз заҳмату талошҳои ҷонфидоиашон ҷилвагар мегардад. Хушбахтона, давлату миллати тоҷик чунин як шахсияти умедбахшу дастгири давлату миллати худро дар симои Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанд. Вале имрӯз вазъият дигар аст, нафарони зиёдеро вохӯрда истодааем, ки симои аслии онҳо ва ботинашон аз разолат пур шудаасту ба хоки ватан хиёнат мекунанд. Пешвои миллат ҳамеша барои сулҳу салоҳ талош варзид. Роҳи мақсадноке буд, ки муваффақ гашт. Ин чи гуфтаҳои он равшанзамир Равшани Темуриён, ки «Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанд ошкоро ба мавқеи ҷангҷӯёнаи давраи ”сангаксафаровӣ”-и соли 1992 комилан баргашта, боз миллати мазлуму кӯчакро ба ду ҷиноҳи ҷангӣ тақсим карданд. Дигар барномаи нишасти Франкфурт, ки он метавонист равзанаи рӯшноиро барои ояндаи миллат боз намояд, фурӯ рехт». Равшан Темуров бо пешниҳоди ин посух чӣ гуфтан мехоҳад? Барои оштии раднопазири ду ҷониб, яъне Ҳукумати Тоҷикистон ва ТЭТ ҲНИ Сарвари давлат сабаб шуд, ки амалӣ нашавад. Бисёр мавридӣ гаштааст, ки амалӣ нашуд, зеро бо ҳизбе ки ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шудааст, паймони дӯстӣ бастанашро ҳеҷ гоҳ халқ қабул намекунад. Гузашта аз ин, Равшан Темуриён ин қадар шахсияти «боҳиссиёт ва ватандӯст аст», ки Тоҷикистони азизам гӯён, рӯирост ба мардумони миллат ва сарвари он бо киноя сухан гуфта истодааст. Мардуми Тоҷикистон новобаста аз он, ки ин қадар душманони бешумор дорад, бо вуҷуди ин ҳама дар фазои озод зиндагии шоиста доранд. Аз ин ифтихор доранд ва ба чунин нафарони хиёнаткору бедодгарон чун Кабириву тарафдоронаш нафрат дорад. Дуруст ба мисоли Равшани Темуриён, ки миёнараваки ду ҷониб буд. Аз оғози иншои ин матн суоле маро водор сохтааст, ки агар Тоҷикистон барои Равшан Темуриён азиз бошад, пас чаро ӯ тарафи мухолифро пайравӣ дорад. Ҷониби нафаронеро гирифта истодааст, ки мехоҳанд Тоҷикистони азизашро ба вартаи нобудӣ бубаранд. Тоҷикистон барояш ин қадар «азиз» аст, ки хостааст роҳбари машваратчиёни «Паймони миллии Тоҷикистон» шавад. Ҳамон паймони миллие, ки ба Тоҷикистон на паймони дӯстӣ, балки оташи ҷанг барангехта дар атрофаш назҳатиҳоро ҷамъ намудааст. Ин озодиву ободӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон бо ҷоннисориву ҷонбозиҳои нафарони зиёде ба даст омадааст ва ин марзу бум барои онҳое азиз мемонад, ки фарзандони асили ин миллат аст, на хиёнаткорону ватанфурӯшон. Дар Тоҷикистон мардум ҳаёти осоишта ва босаодат паси сар менамоянд. Аз ин ҷост, ки ҳама бо саодатмандӣ васфи онро ситоиш мекунанд.

Ҳаёти дилкашу зебо ҳаёти озод аст,

Чунин ҳаёт на осон ба даст омадааст.

Барои он, ки чунин ҳаёт диҳад даст моро,

Ҳазор бор Ватан садҳазорон ҷон додаст.

Маърифат Мавлонова

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>