Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд

20180927_110803

АШТ. Мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизбамон мӯҳтарам Э.Раҳмон кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт корҳои фаҳмондадиҳиро барои боз ҳам бештар ҷалб намудани аъзоёни нав, махсусан ҷавонон ва бо ин роҳ сифатан зиёд намудани сафи ҳизб кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Рӯзи гузашта раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёӣ Б.С. ба якчанд нафар ҷавонон, кормандони беморхонаи марказии ноҳия дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорид.  Мавсуф зимни мулоқот бо аъзоёни нав қабулгардида ёдовар гардид, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб дар такя ба Оиннома ва Барномаи ҲХДТ амал намуда, дар пешбурди сиёсати ҲХДТ ва Ҳукумати мамлакат фаъол бошанд. Бояд зикр намуд, ки қабули босифат дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ноҳия бомаром ҷараён дорад  ва масъулин барои ҷалби шахсони содиқ ба узвият вобаста гардидаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>