Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

IMG_2645

ГУЛИСТОН. Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ чун анъана ҳар сол санаи 30-сентябр дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ҳамин рӯз санаи 28 сентябри соли равон дар толори Ташкилоти ибтидоии «Бахши фарҳанг» чорабинии адабӣ-фарҳангӣ бо иштироки ҷавондухтарону ҷавонписарон, омӯзгорон, занони фаъоли ҳизб, баргузор карда шуд. Дар он Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбулозода, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия Раҳимова М.А. иштирок доштанд. Раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ шодбош намуда, оид ба шоир мутафаккири бузурги асри 13-уми форсу тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳозирин маълумотҳо дод. Дар суханронӣ, қайд гардид, ки  Ҷалолиддин Балхӣ дар адабиёт бо нисбати Балхӣ ёд мешавад. Аз Ҷалолиддини Балхӣ осори босазое дар ганҷинаи маданияти умумиҷаҳонӣ боқӣ мондааст. Бартелс осори ӯро таҳқиқ намуда, гуфтааст, ки «лирикаи Ҷалолиддин яке аз комёбиҳои бузургтарин аст. Ва агар вай дар Ғарб машҳур мебуд, бе шубҳа, номи ӯ дар он ҷо низ ба мисли номи шахсони бузург – Шекспир, Гёте, Пушкин ва дигарон вирди забон мешуд» Аҳамияти эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ  на танҳо дар лирикаи уст. Вай муттафаккири бузурги замонаш низ буд, ки дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назариявӣ хизмати бузурге дошт. Эҷодиёти ӯ аз «Маснавии маънавӣ», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Мактубот», «Маҷолиси саъба», «Девони Шамси Табрезӣ» иборат буда, Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ»,-и ба мавқеъи инсон дар ҷамъия диққат дода, мақоми инсонро ба ҷойгоҳи олиме гузошта, таъкид мекунад, ки ӯ бояд шоистаи ҳамин мақом амал намояд. Шоир ба низоъҳои диниву мазҳабӣ сахт муқобил баромада, муҳаббат ва сулҳу дӯстии байни одамонро тарғибу ташвиқ ва зулму бадиро сахт маломат кардааст. «Маснавии маънавӣ» на танҳо асари фалсафию суфиёнӣ, маҷмӯи афкору ақидаҳои гуногуни мутафаккир, балки яке аз ёдгориҳои бузурги адабиёти бадеи форсу тоҷик низ мебошад. Ҷалолиддин дар  «Маснавии маънавӣ» ҳамчун шоири забардаст, офарандаи образ ва суханони олии бадеӣ, ҳамчун тасвиргари ҷузъиёти ҳаёт ва характеру хислати инсонӣ ҷилвагар мешавад. Дорои мавзӯъ ва масъалаҳое, ки шоир дар атрофи онҳо баҳсу изҳори ақида кардааст, ниҳоят васеъ ва гуногун аст. Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ яке аз бузургтарин шоирони форсу тоҷик, симоҳои бемонанди фарҳангу адабиёт тамаддуни ҷаҳонист. Дар чорабинӣ дар ҳаққӣ шоир мутафаккири бузург Ҷалолиддини Балхӣ баромадҳои зиёд шунида шуданд. Барномаҳои фарҳангӣ рақсу суруд, саҳначаҳо ҷолиби диққат буда, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид. Чорабинии адабӣ-фарҳангӣ бахшида Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ бо қироати шеъру рубоӣ, ғазалҳои шоир аз ҷониби ҷавондухтарону ҷавонписарон ҳусни анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>