Соати сиёсӣ: «Тоҷикистони озоду соҳибистқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо»

СПИТАМЕН. Рузи гузашта дар ташкилоти ибтидоии Варзишгар соати сиёсӣ дар мавзӯи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол — Ватани маҳбуби ҳамаи мо» бо кормандони  кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  дар ноҳияи Спитамен ташкил карда шуд. Сараввал роҳбари ташкилоти ибтидоии Варзишгар   Йулдошев Й, мулоқоти мазкурро бо суханони хеш ифтитоҳ бахшида суханро ба сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилооти кумитаи иҷроия Муҳитдинова У дод.  Дар баромади худ Муҳитдинова У сараввал бо ҷашни Иди омӯзгорон мураббиёни  мактаби варзишро аз номи роҳбарияти Олии ҲХДТ табрик намуда,  оиди дастоврдҳои халқи тоҷик дар солҳои истиқлолият,  сиёсати пешгирифтаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Раиси ҲХДТ Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва се ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиди кушодашавии 16-гузаргоҳҳои сарҳадии байни Тоҷикистону  Ӯзбекистон ва ташкили конфронсҳо, бизнес-форумҳо байни ду давлатҳои ҳамсоя суханронӣ намуд. Сипас шахси масъули ташкилоти ибтидоии Варзишгар Турдибекова Насиба оиди зиёд шудани теъдоди аъзоён аз ҳисоби ҷавонон ва  банд намудани вакти холии ҷавонон бо машғулятҳои варзиши  гуфта гузашт. Дар охир ба 10 нафар аъзои нави ҳизб, ки бо амри дили хеш ба сафи ҳиб шомил гаштанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>