Вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон

КОНИБОДОМ. Рӯзи сипаригашта дар ҳавзаҳои интихоботии №№ 17, 18, 19,20, 21 вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон баргузор карда шуданд.  Дар коллеҷи омӯзгории шаҳр ба номи Мирзо Турсунзода вакили Маҷлиси вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии «Ҷавонон №17» Заррина Ғафурова бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуд. Зимни вохӯрӣ Заррина Ғафурова доир ба қарорҳои Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати панҷум) маълумот дода, онҳоро шарҳ дод. Сипас, вобаста ба вазъи омодагӣ дар шаҳри Конибодом ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, аз ҷараёни ободкориву созандагиҳо иттилоъ дод. Дар анҷом ба суолу пурсишҳои интихобкунандагон посухҳои мушаххас дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>