Андешаҳои ҷавонон

IMG_20180920_093703

ИСФАРА. Дар ҷамоати деҳоти Кӯлканд маҳфили омӯзишии ҷавонон дар мавзӯи “Иғвоҳои навбатии ТЭТ ҲНИ” доир гардид.  Дар махфил 30 нафар ҷавонони деҳот дар мубоҳиса иштирок карда, фикру андешаҳои хешро бобати фарогирии ҷавонон бо зиракии сиёсӣ, сари вақт пешгири кардани зуҳуротҳои номатлуб, бахусус шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ ибрози андеша карданд.  Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара О. Аҳмадов дар бораи таъсис ва хиёнатҳои ҳизби мамнӯъ гаштаи ТЭТ ҲНИ маълумоти муфассал дода, зикр кард, ки он соли 1991 таъсис ёфта соли 1992 фаъолияташ қатъ карда шуд. Аммо ин ҳизби ифротӣ фаъолияташро дар қаламрави Авғонистон ва баъзе шаҳру навоии кишвар ба таври пинҳони идома дод. Соли 1999 аз нав бақайд гирифташуда боз ба фаъолият шурӯъ кард. Фаъолияти қабли ва феълии ТЭТ ҲНИ барои соҳибият ба ҳокимият ва бунёди давлати исломӣ нигаронида шуда, маҳз тавассути ақидаҳои ифротии он солҳои 1992-1997 Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ҳаракатҳои таъсиси ТЭТ ҲНИ дар шаҳру деҳоти Исфара ҳанӯз аз солҳои 1992 зиминагузорӣ гардида, нуфуз ва эътибори яке аз марказҳои маърифатию фарҳангии кишварро хеле коста гардонид. Аз ҳама нанговараш бо дастгирии ТЭТ ҲНИ дар шаҳру деҳоти Исфара дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аз қабили “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Салафия”, “Ҳизб-ул-таҳрир”, “Давлати исломии Шому Ироқ” домана паҳн кард. Дар натиҷаи гузаронидани кофтуковҳои фаврӣ- ҷустуҷӯйӣ ва оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якчанд нафар аъзоён ва роҳбари ин гурӯҳҳо безарар гардонида шуданд. Якчанд нафар аъзои ин гурӯҳ, ки рӯ ба гурез ниҳода, дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба гурӯҳи толибон пайваст шуда буданд, нобуд гардиданд. Алҳол ТЭТ ҲНИ дар аврупо бо таъсиси “Паймони миллӣ” боз ба иғвоҳои навбатӣ даст зада истодааст, ки кулли сокинони кишвар рафтори ноҷавонмардонаи онҳо дар хориҷи кишварро маҳкум карда истодаанд. Иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои хешро бобати хиёнатҳои ТЭТ ҲНИ ба миллату давлат бахусус аз иғвою найрангҳои онҳо дар интихоботҳои пешин баён карданд.   Ба иштирокдорон дастурҳои тарғибӣ, ки аз ҷониби прокуратураи шаҳри Исафра ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара оиди пешгирии ҳаракатҳои ифротӣ омода карда шудааст, дастрас карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>