Қабули маводҳо ба озмуни вилоятии «Хомаи созанда — 2018» оғоз ёфт

СУҒД. Қабули маводҳо ба Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи  журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда — 2018», ки дар оғози соли равон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эълон гардида буд, оғоз ёфт. Озмуни мазкур бо мақсади муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, инчунин ба мардум фаҳмонидани онҳо фаъолона ширкат меварзанд, сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб, ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар баргузор карда мешавад. Дар асоси Низомнома озмуни вилоятӣ соли равон аз рӯи номинатсияҳои “Масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ”, “Масъалаҳои марбут ба рушди ҳунарҳои мардумӣ”, “Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат”, “Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ” ва “Муаррифии минтақаҳои сайёҳӣ ва анъанаву ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи байналмилалӣ(маводи чопиву интернетӣ ва видеоӣ)” гузаронида мешавад. Журналистоне, ки ҳадафи иштирок дар ин озмунро доранд, метавонанд маводҳои худро аз 1 то 20 октябри соли равон, ки марҳилаи ниҳоии қабули маводҳост, ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, утоқи 435 пешниҳод намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>