Ғолибони 20 рӯзаи аввали маъракаи пахтачинӣ бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд

1

СУҒД. Субҳи рузи гузашта дар майдони “Ситораҳои Хуҷанд”-и маркази вилоят даври аввали мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакори вилоят дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта ҷамъбаст гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Баъди сухани ифтитоҳии муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода қарори якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ ва кумитаи иттифоқи касабаи коркунони комплекси агросаноатии вилоят қироат карда шуд. Тибқи қарори мазкур дар 20 рӯзаи аввали пахтачинӣ шаҳри Конибодом ҷойи аввал ва ноҳияи Мастчоҳ ҷои дуюмро ишғол карданд. Заркорони шаҳри Конибодом 7132,9 тонна ё баробари 51,9 фоизи нақша ва кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ 11311 тонна ё баробари 44,2 фоизи нақшаи солона пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Дар байни ҷамоатҳо Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳ беҳтарин дониста шуд. Пахтакорони ҷамоати мазкур аз аввалинҳо шуда, нақшаи пешбинишударо ба андозаи 110 фоиз иҷро намудаанд. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибон мукофотҳои пулиро мутаносибан дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим намуда, ба чинакчиёни беҳтарин низ туҳфаҳои хотиравӣ супорид. Ҳамчунин ба шарафи ғолибон «Парчами шараф» барафрохта шуд. Раиси вилоят пас аз супоридани тӯҳфаҳо ба ғолибон дар назди намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки аз ҷониби пахтакорони вилоят то имрӯз ба хирмани Ватан 49254 тонна дурри гаронбаҳо рехта шудааст, ки ба 37,9 фоизи нақшаи солона баробар мебошад. Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат иброз дошт, ки пахта ҳамчун ашёи пурқиммати саноатӣ дар рушди иқтисодиёт нақши муассир мегузорад. Аз ин хотир, соли равон майдони пахта дар вилояти Суғд наздик 7 ҳазор гектар зиёд карда шуд ва дар назар аст, ки имсол 130 000 тонна пахта истеҳсол карда шавад. Раиси вилоят аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки имрӯзҳо сокинони касбу кори гуногуни шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Шаҳристон, Деваштич, Истаравшан, Истиқлол ва Исфара дар паҳлӯи марди деҳқон истода, барои ҷамъоварии пахта кӯмак намуда истодаанд. Ҳашарчиён дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашар баромада, барои ҳарчи бештар ғанӣ гардидани хирмани Ватан ҳиссаи арзанда мегузоранд. Бо дастури Раҷаббой Аҳмадзода шуруъ аз 1-уми октябр ба ҳар килограм пахтаи чидашуда 80 дирамӣ маблағ пардохт карда мешавад. Инчунин бо мақсади беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил дар вилояти Суғд 60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор эълон карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>