ИЗҲОРОТИ ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и шаҳри Бӯстон дар ҳошияи мақолаи “Дар Бадахшон чӣ мегузарад?”

02072018

Сафари Пешвои миллат дар Бадахшони кӯҳӣ баҳри ободии ин минтақаи зебои кишвар саҳми арзанда гузошт. Хамчунин, дар ҷорӣ намудани тартиботи чамъиятӣ дар ин минтақа назди роҳбарон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд. Мархилаи  давлатдории тоҷикон имрӯз дар аксари давлатҳои рӯ ба тараққӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Зеро бовуҷуди ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидан, имрӯз иқтидори кишвар рӯ ба рушд аст. Ҳамасола дар мамлакатамон садҳо иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор гирифта истодаанд, ки бозгӯи пешравиҳост. Танҳо дар ҳошияи 1300 рӯзи ободониву бунёдкорӯ дар вилояти Суғд то ҷашнгирии 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ наздики 3000 ҳазор иншооти тайиноти гуногун сохта ба истифода хоҳад шуд. Сокинони кишвар аз ташрифи кории Сарвари давлат ба ин ё он минтақаи кишвар изҳори хушнудӣ менамояд. Зеро ба шарофати пои қадами Роҳбари муаззами кишвар ҳатман ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза мегирад.   Мо ҳама шоҳиди он будем, ки Пешвои миллат дар  сафари панҷрӯзаи худ ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин иншоотҳои хурду бузургро ифтитоҳ намуданд. Рӯзгори ин минтақаи азими баландкӯҳ ба тадриҷ беҳтар мешавад. Аммо  носипосон хориҷ аз кишвар истода ба қавле «аз таги нохун чирк мекобанд». Наход бехабар аз он бошанд ки дар кишвари мо зӯровариву  мафиябозӣ кайҳо аз байн рафтааст, вақте расидааст, ки адолату ҳақиқатро барпо намуд. Воқеан ҳам аз рӯи нақли мушоҳидон имрӯз дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он чанд гурӯҳҳои мавҷуданд, ки бо нашъаҷаллобиву аслиҳафурӯшӣ машғуланд. Агар пеши роҳи онҳоро нагирем, кишвар боз ноором хоҳад шуд. Ва мусаллам аст, ки ба ин кор мақомотҳои қудратӣ бояд мубориза баранд. Зеро ободии макон ва тинҷии он ҳамеша дар мадди назари роҳбари давлат аст. Ин ҳамаро кувваҳои бадбини кишвар ҷомаи сиёсӣ пӯшонида, дар нигоштаҳои муғризонаашон Ҳукуматро сиёҳ карданӣ мешаванд. Аммо тирашон хок мехӯрад. Зеро сокинони кишвар ба ягон ҳарфу ҳиҷои душманони миллат бовар намекунанд.    Имруз ободии кишвар дар дасти мо хамватанон аст ва рушди мамлакат хам инчунин.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>