Аз мукофоти амал ғофил машав!

Ruchka

ИЗҲОРОТ. Шукри истиқлоли Ватан, шукри оромию осудагии ин диёри биҳиштосо, шукри  Яздони пок, ки мо – тоҷикон дар фазои сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарем.Сад афсӯс, ки бархе аз ашхоси носипос ба қадри ин неъматҳо намерасанд,  пайваста аз пайи ноором сохтани вазъи ҷомеа ва озори мардумонанд. Аз васоити ахбори омма, огаҳӣ дорем, ки 10- уми сентябри соли равон дар шаҳри Варшава ҳамоиши навбатии САҲА оид ба ҳуқуқи башар ва интихоботи  демократӣ баргузор гардид.Ташвишовар ин аст, ки САҲА дар қатори Ҳукумати Тоҷикистон боз намояндагони ТТЭ ҲНИ ва ҳизбу созмонҳои дигари ифротӣ ва мухолифи моро  расман даъват намуд. Ин ташкилот ба гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ имконият дод, ки баромад намуда, дар бораи мақсадҳои ғаразноки худ ҳарф зананд. Баромади Муҳиддин Кабирӣ ва Илҳом Ёқубов, ки фақат давлати моро назди ҷомеаи ҷаҳонӣ сияҳ намуданд, нафрати мардуми ватандӯстро ба ин хоинон дучанд намуд. Наход ин зархаридони хориҷӣ бо нақшаҳои нопокашон боз оромии Ватани азизамонро халалдор намоянд? – Ҳаргиз не! Мардуми сарбаланду  меҳнатдӯсти тоҷик ҳаргиз ҳушёриву зиракиро аз даст намедиҳад. Сулҳу оромӣ, ваҳдати миллиро муҳофизат намуда, баҳри ободии кишвари азизамон саҳми босазо мегузорад. Намегузорад, ки чунин ташкилоти террористӣ – экстремистӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро амнияту пешрафти ҷомеаро халалдор намоянд. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров андешаҳои бебунёди ватанфурӯшонро, ки дар ҳамоиши САҲА иброз намуданд, маҳкум мекунад. Аз кулли ҷавонони ватандӯст даъват ба амал меорад, ки ба ғояҳои бардурӯғ ва иғвоангези ин гуна равияҳо дода нашуда, баҳри пешбурду равнақи кишвари азизамон тавассути донишу малакаи худ саҳм гузоранд. Ҳар амали бадеро подоши баде интизор аст. Бори каҷи ин хоинон ба манзил намерасад! Албатта ҷазои ин амалҳои нопокашонро хоҳанд дид.

Аз мукофоти амал ғофил машав,

Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>