Хизмат ба Ватан шариф аст

ЗАФАРОБОД. Рузи гузашта дар тарабхонаи «Баҳор» чорабинии фарҳангӣ оид сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабини мазкур Раиси ноҳияи Зафаробод Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Шарифов Т.Т, мудири кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод Азизова Р, кормандони ташкилотҳои ибтидоӣ, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни Коллеҷ ва Литсейҳои касбии техникӣ, аъзоён ва собиқадорони ҳизб, модарони даъватшудагон ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.     Раиси ноҳияи Зафаробод Ашӯрзода Р.Р дар баромади худ қайд намуд, ки таъсиси Артиши миллӣ яке аз дастовардҳои арзишманди даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ифтихори ҳар як ҷавони банангу номус аз химояти модар Ватан аст.  Боиси хушнудиест, ки барои хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 66 нафар ҷавонон сафарбар карда шуд, ки нишонаи аз номуси ватандорӣ ва ҷонибдорӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Дар ҷамбасти чорабини модарони даъватшудагон бо фарзандони худ хайру хуш намуда, ба онҳо роҳи сафед гуфтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>