Машварати корӣ бо мутахассисони ҷавон

АШТ. Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб як зумра чораву тадбирҳои мушаххас андешида, баҳри расидан ба ҳадафҳои оинномавии ҳизб ҷидду ҷаҳд менамояд. Рӯзи гузашта раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Б.Зиёӣ бо кормандон-мутахассисони ҷавони Кумитаи иҷроия машварати корӣ доир намуд. Зимни мулоқот зикр гардид, ки имрӯзҳо таваҷҷӯҳи беандозаи сарвари кишвар нисбати ин қишри пешбарандаи ҷомеа бамаротиб афзуда, Ҷаноби Олӣ аз ҷавонон-ояндасозони миллат умеди нек доранд. Сипас дастур дода шуд, ки вобаста ба сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, ки 15 сентябри соли равон баргузор гардид, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ҳизбӣ мақсаднок роҳандозӣ намуда, ҳамзамон бо мақсади мусоидат дар муташаккилона доир гаштани маъракаи даъвати тирамоҳии сарбозон аксия таҳти унвони “Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем”  бо фарогирии тамоми масъалаҳо баргузор карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>