Мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд

1538297153_5bb08d413d34f

КОНИБОДОМ. Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади тарғиби Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани мазмуни қарорҳои иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати панҷум), аз 26 сентябри соли 2018 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Эргаш Шарифов №22”, Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ дар маркази деҳаи «Ҷаҳонзеб»-и ҷ/д ба номи А.Лоҳутӣ бо интихобкунандагон мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод. Нахуст, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Эргаш Шарифов №22”, Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ доир ба раванди корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Конибодом ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо сокинони шаҳри Конибодом бо шукргузорӣ аз неъмати бузург — Истиқлолияти давлатӣ, ҳамзамон аз фазои орому осуда ва зиндагии  осоишта  бо эҳсоси баланди худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ сарҷамъу муттаҳид гашта, баҳри татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати мамлакат аҳлона саҳм мегузоранд. Дар ин замина баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни пуршукӯҳи таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, таҳти №968 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 феврали соли 2018, таҳти №51 қарори раиси шаҳри Конибодом аз 2 апрели  соли 2018, таҳти № 293 ба тасвиб расонида шуда, ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ тасдиқ гардиданд. Ҳамчунин, дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоати деҳот низ ба корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза бахшида шуда, тариқи шанбегиҳо ва ҳашарҳои умумихалқӣ хиёбону кӯчаҳо ва ҳудуди ташкилоту муассисаҳо  ободу зебо  гардонида шуда, бунёд ва ба истифода дода шудани биноҳои манзилӣ, нуқтаҳои тиҷоративу хизмарасонӣ вусъати тоза гирифтааст. Дар маҷмӯъ, тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Конибодом бунёду сохтмони 210 адад иншоотҳои гуногун, ҳамзамон таҷдиду навсозӣ ва таъмиру барқароркунии даҳҳо иншоотҳои дигар ба нақша гирифта шуда, то имруз 38 адади онҳо ба истифода дода шуданд. Ин аст, ки вобаста ба амалигардонии нақшаи чорабинии тасдиқгардида то имрӯз якчанд банди он амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, боиси ифтихори ҳамаи мову шумо аст, ки бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллии умумиҷумҳуриявӣ, бо иштироки бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрамон якчанд иншоотҳои ҷашнӣ, аз қабили МТМУ №29, бинои прокуратура, варзишгоҳи “Ҷавонӣ”, тарабхонаи “Баҳор”, қитъаи шоҳроҳҳои Исфара-Кӯчкак-Гулистон ва Конибодом-Патар, Майдони Исмоили Сомонӣ ва сутунпояи Парчами миллӣ, барқароркунии системаи оби сифатноки нушиданӣ ба истифода дода шуданд.- қайд намуд ӯ. Бояд зикр кард, ки тибқи Қарори раиси вилояти Суғд “Дар бораи эълон намудани 1300  рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳр корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ хуб ба роҳ монда шуда, дар кӯчаҳои марказии шаҳр гулҳои ороишӣ шинонида шуданд ва роҳҳои пиёдагарди кӯчаҳои марказӣ бо тахтасангҳо рӯйпӯш карда шудаанд. Тибқи қарори раиси шаҳр ҳар ҳафта рӯзи шанбе шанбегии умумишаҳрӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот гузаронида мешавад, – ёдовар шуд дар идомаи суҳбат. Ҳамзамон, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба интихобкунандагон доир ба қарорҳои Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз 26 сентябри сол 2018 маълумот дод. Дар фарҷоми мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳар як сокини шаҳри Конибодом низ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни пуршукуҳи таърихии 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни азизу муқаддас кӯшишу ғайрати худро равона менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>