Вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд

СПИТАМЕН. Рузи гузашта вохӯрии вакилони Маҷлиси вакилони  халқи вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен бо интихобкунандагон ҷихати тарғиби Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-майи соли 2018 № АП-1059 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани мазмуни  қарорҳои иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати панҷум аз 26-сентябри соли 2018 дар ҳавзаи интихоботии “Нов” №54 ҷамоати шаҳраки Навкат бо вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Маҷидӣ Мӯҳтадӣ Хайрулло,   дар ҳавзаи интихоботии “Сарбанд” №55  Сулаймонзода  Акрам Раҳим ва дар ҳавзаи интихоботии “Куруш” №56 Фирдавс Шарифзода   вохӯриву мулоқотҳо ташкил ва баргузор гардиданд. Вохӯриҳои мазкурро раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен О Насруллоев ифтитоҳ бахшида хозиринро бо мақсади вохӯри шинос намуд. Ҳамаи вакилони мазкур бо интихобкунандагон хеле кушод мулоқот намуда  мазмун ва моҳияти Амри Президент  №АП-1059 ро фаҳмонида доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>