Корҳои таблиғотӣ ва қабул ба ҳизб

IMG_20181001_100236

КОНИБОДОМ. Рузи гузашта кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Ф ва Юсупова Ҳ бо мақсади тарғибу ташвиқи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созанда ва супоридани шаҳодатномаи ҳизбӣ  бо кормандони маркази саломатии деҳоти Қӯруқи Ҷамоати деҳоти Пӯлотон вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳри оиди  мақсаду мароми ҳизб, ки барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст ҳарф заданд. Қайд карда шуд,  ки ғамхориҳои давлату ҳукумат ва шахсан Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри дурахшонии  ояндаи  миллати худ бикӯшанд. Дар охир ба 4 нафар кормандони фаъол  шаҳодатномаи ҲХДТ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>