Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо раисони маҳаллаҳо

ГУЛИСТОН. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон вобаста ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, ки санаи 15 сентябри соли 2018 баргузор гардида буд тадбирҳо андешида, чорабиниҳои гуногунро дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ ба роҳ монд.  Таърихи якуми октябри соли равон дар назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, Раиси кумиҷроия Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода бо раисони маҳаллаҳои маркази шаҳр чорабиниии таблиғотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монд. Дар суханронӣ Муслимахон Ҷамолиён суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, ки 15 сентябри соли равон баён гардида буд, ба саҳми раисони маҳаллаҳо расонид. Пешвои миллат дар суханронӣ қайд намуданд, ки дастовардҳои, 27-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳама пешравиҳои мову шумо, имрӯз мо муваззаф ҳастем, ки ба дастоварду пешравиҳои боз ҳам бештар кӯшиш намоем. Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зебо давлати пешрафта гардонем ва ба наслҳои оянда мерос гузорем.  Дар итмоми сухан ба раисони маҳаллаҳо муроҷиат карда шуд, ки ҳар яке дар маҳаллаҳои худ бо шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, чун мардуми ватанпарвар, сарбаланд, қавиирода, шарафманд кору фаъолият ва зистанро омӯзонанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>