Гӯшаи иттилоотии ҲХДТ

КУМИҶРОИЯИ ВИЛОЯТӢ. Бо мақсади вусъат додани корҳои тарғиботӣ ва муаррифии бештари нашрияҳои ҳизбӣ кумиҷроияи вилоятӣ гӯшаи иттилоотӣ ташкил кард. Гӯшаи иттилоотӣ дар назди бинои кумиҷроия бо истифода аз усули муосири тарғиб насб гардида, аз он мардум бо нигоштаҳоинашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ошноӣ меёбанд. Гӯша, ки дар мавзеи серодам воқеъ гардидааст, ҳамарӯза наздаш хонандагони сершумор шумораҳои нави рӯзномаро мутолиа карда, аз рӯйдодҳои кишвару ҳизб огоҳ мешаванд. Мардум ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”, ки аз муҳаббати зиёди хонандагон бархурдор аст, таваҷҷӯҳи хоса дошта, шумораҳои онҳоро бесаброна интизор мешаванд. Ҳадафи ташкили гӯшаи иттилоотӣ, ба ғайр аз муаррифии навиштаҳои матбуоти ҳизбӣ, инчунин, тарғиби барномаҳои ҳизб миёни халқ аст.

IMG_9682

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>