Даъват: дар рӯзи аввал 134 нафар ҷавонони шуҷоъ азми хизмати Модар-Ватан карданд

ДЕВАШТИЧ. Дар тантанаи гусели ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан,ки дар  майдони Сарбози  қаҳрамон  ҷараён гирифт бо мамнуният хабар доданд, ки  дар рӯзи аввал 134 нафар ихтиёриён барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон камар бастаанд. Ин нахустин  натиҷаи  баландтарин дар рӯзи аввал мебошад, ки   тайи чанд соли охир мисли он дида нашуда буд. Ҷамоатҳои деҳоти Яхтан, Росровут, Ғазантарак, шаҳраки Ғончӣ аз зинаҳои ғолибият ҷой гирифтанд. Мувофиқи ҷамоатҳои Муҷун,  Вахдат, Исмоили Сомонӣ, Далёни боло низ  иҷрои нақшаро аз 70-80 фоиз боло бурданд. Дар тантана боз як хабар расид,ки аз оилаи сокини деҳаи Гул Акбарали Бобоев ду нафар фарзанд—Ҳасану Ҳусейн  якҷоя орзуи хизмат ба Модар-Ватан намуданд.  Даъватшавандагон  ба анъанаи бобоён содиқ монда аз нони  модарон  насиба гирифтанду Парчами давлати соҳибистиқлолро  сарбаландона  қабул намуданд.Чамоатҳои бехтарин, раисони маҳаллаҳо, он шахсоне,ки дар боби даъват фаъол буданд,Сипосномаю тӯҳфахо гирифтанд…

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>