Гуруҳи 100 нафараи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

АШТ. Гуруҳи 100 нафараи ихтиёриён аз ноҳияи Ашт барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд ва ҳамин тавр ноҳияи Ашт даррӯзҳои нахустини гусели даъватшавандагон нақшаи пешбинишударо 60 фоиз иҷро намуд. Ба муносибати гусели даъватшавандагон 4 октябри соли равон дар назди муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо зимни суханронии худ дар ҳузури даъватшавандагон ва волидони онҳо иброз дошт, ки имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва ватандӯст сарбаландона хизмат менамоянд, ки бо нерӯи худ дар таҳкими сулҳу суботи кишвар ҳиссаи муносиб мегузоранд. Дар ин рӯз аз тарафи роҳбарияти ноҳия ва комиссариати ҳарбии ноҳия ба як қатор фаъолон ва падару модарон номаи миннатдорӣ ва Сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Дар охир барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>