Тарғиботи мақсаднок

АШТ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои фаҳмондадиҳиро бо аъзоёни ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилоят, ки санаи 15 сентябри соли равон ҷараён гирифт, мақсаднок роҳандозӣ намуда, моҳияти асосии масъала дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди баҳрабардорӣ ва омӯзиш қарор гирифтааст. Рӯзи гузашта бо ин мазмун раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёӣ Б.С. бо кормандони Маркази саломатии деҳаи Шодоба мулоқот орост. Дар сӯҳбат Зиёӣ Баҳриддин ҳозиринро бо суханронии пурмӯҳтавои Президенти мамлакат зимни мулоқот бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ, ки 15 сентябри соли ҷорӣ баён гардид, ба пуррагӣ бархурдор намуд. Аз ҷумла, оид ба дастовардҳои 27-соли даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ҷидду ҷаҳди минбаъда барои ноил гардидан ба дастоварду пешравиҳои назаррас, сарзаминами азизамонро ба мамлакати боз ҳам пешрафта мубаддал гардонидан ва ғайраҳо, ки аз мӯҳтавои асосии суханони Пешвои муаззами миллат бармеоянд, сӯҳбат ороста шуд.  Дар интиҳо аз кормандон даъват ба амал оварда шуд, ки  ҳамчун аъзои ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт дар байни шаҳрвандон роҳандозӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>