Ояндасозони миллат

20181003_101654

АШТ. Дар доираи чорабиниҳо вобаста ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатӣ рӯзи сипаригашта мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёӣ Баҳриддин бо донишҷӯёни литсейи касбӣ-техникии №74 доир гардид. Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ояндасозони миллат, қисми пешбарандаи ҷомеа ном гирифта, ба онҳо эътимоди қавӣ доранд. Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии роҳбари хирадмандаш баҳри ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст, то ин ки таълиму тарбияи хуб гирифта, баҳри пешрафту ободии кишвари азизамон ҳассагузор бошанд.    Сипас, бобати дӯст доштану ҳамеша муҳофизи Ватан будан, инчунин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихор аз давлатдории навини тоҷикон сӯҳбати самимӣ ороста шуд.Ба чорабинӣ 85 нафар донишҷӯёни муассисаи мазкур ҷалб гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>