Варзиш гарави саломатӣ

IMG_4898

ҶАББОР РАСУЛОВ. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда истодаанд. Зеро варзиш дар ҳама давру замонҳо барои инсоният аҳамияти хоса дошт ва он яке аз омилҳои муҳими ташаккули шахсияти солимии ҷомеа аст. Санаҳои 29-ум ва 30-юми сентябри соли ҷорӣ дар толори варзишии «Чемпион» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бахшида ба «Рӯзи мураббиён» мусобиқа байни гурӯҳҳо оид ба намуди муҳорибаи универсиалӣ дар байни ҷавонон доир гардид. Дар ин мусобиқа зиёда аз 100 нафар варзишгарон иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон бо медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи МДМВ-и ба номи А. Саматов ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>