Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем

20181003_112435

АШТ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар асоси дастуру вазифагузории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аксияи ноҳиявӣ таҳти унвони «Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем»-ро бо мақсади мусоидатдар муташаккилона доир гаштани маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва бедор намудани рӯҳияи ҷавонон оғоз намуд, ки чорабиниҳои мухталифи тарғиботиву ташвиқотиро дар бар хоҳад гирифт. Дар ин ҷода рӯзи гузашта раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Зиёӣ Баҳриддин ба қисми ҳарбии 14356Б воқеъ дар ҳудуди ноҳия ташриф оварда, бо афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ вохӯрӣ доир намуд.  Аз ҷумла баён карда шуд, ки пойдории амнияту осоиштагии кишвари маҳбубамон аз далериву матонат ва шуҷоати ҳарбиён, ки содиқона баҳри хизмати Ватан-Модар камари ҳиммат бастаанд, вобаста буда, Ватан аз чунин ҷавонписарони бонангу номус ифтихор дорад. Хизмат ба Ватан қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад, ки шумоён-сарбозон ин мафҳумро сидқан дарк намуда, дар ҳифзи марзу буми кишвар қарор доред. Ҳамин тариқ, чорабинии мазкур дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ватандӯстӣ баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>