Забони ман –ҷаҳони ман

ГУЛИСТОН. Бо  баробари ба имзо расидани Қонуни нав «Дар бораи забони давлатӣ» ҳарсола дар кишвари азизамон, Тоҷикистон,  Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябр таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ҳамин сана Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, шуъбаи кор бо занон, ҳамҷоя бо Ташкилоти ибтидоии «Бахши фарҳанг»  баргузор намудани чорабинӣ таҳти унвони «Забони ман –ҷаҳони ман»-ро ба роҳ монд. Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ Раҳимова Муяссар, шоира Худойдотова Робия, фаъолзанони ҳизб, омӯзгорон, ҷавондухтарону ҷавонписарон иштирок доштанд. Мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ ҳамагонро бо Рӯзи забони давлатӣ шодбош намуд. Дар баромад, зикр гардид, ки бо баробари Тоҷикистон соҳибистиқлол гаштан забони тоҷикӣ-забони давлатӣ гардид.  Мардум аз хоби гарон бархест. Забони давлатӣ мақоми худро ёфта, маданият ва анъанаҳои худро ба ҷойҳои худ гузошт. Ислоҳоти сиёсӣ ва бозсозии имрӯза барои ривоҷу равнақи забони давлатӣ шароит фароҳам овард. Ба ҳамагон таъкид карда шуд, ки Забони модарии худро фаромӯш накарда, барои тоза нигоҳ доштани он кӯшанд, онро сайқал диҳанд. Забони тоҷикӣ ганҷинаи сарвати мову шумо буда, барои бунёди он аҷдодон заҳматҳо  кашидаанд. Ва ҳар як фард бояд забони давлатиро ҳифз намояд.  Баромади шоира Худойдотова Робия, қироати шеърҳо дар васфи забон, рақсу суруд, саволу посух ҷолиби диққати ҳамагон гашт. Ҷавондухтарону ҷавонписарон дар банди саволу ҷавоб фаъолона иштирок намуданд. Чорабинӣ бо панду андарзҳои шоирони адабиёти  классикӣ ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>