Иди забону Рӯзи забон хуҷаста бод!

20181003_095649

ҶАББОР РАСУЛОВ. Таърихи ҷомеаи башарӣ ва таҷрибаи давлатҳои куҳан ва пешрафтаи дунё ба равшанӣ нишон медиҳад, ки истифода аз як забони умумӣ ба эҷоди миллате бо пайванди иҷтимоии қавӣ ва давлати неруманд боис мегардад. Хушбахтона дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ ин мавқеияти шоистаи сиёсиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангиро доро мебошад. Ҳамчуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Забони миллӣ симо ва пайкари миллат мебошад». Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гурӯҳи тарғиботӣ ва ташвиқотӣ тибқи нақшаи кории кумита вохӯриву мулоқотҳо бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ санаи 3-юми октябри соли ҷорӣ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 вохӯри таҳти унвони «Забон гавҳари асосии ҳастии миллат аст» баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Набиев Шерзод иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимнан Рустамзода Қумринисо оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ,ҳадафҳои барномавии он, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ кард. Инчунин дар давоми вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ Набиев Шерзод иштирокчиёни вохӯриро бо фарорасии Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният намуда, таъкид кард, ки Забони модарии мо -  забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ рохи нисбатан пурпечутобро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хидматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони барӯманди халқи тоҷик аз устод Рӯдакӣ то устод Садриддин Айнӣ дар шакли зебо бо захираҳои бою рангини луғатҳо, осори гаронбаҳои илму адабӣ дар шакли назму насри беҳамто ба зинаҳои баландтарини ташаккул ва таҳаввулоти худ расидааст, мо аз ин мерос ифтихор мекунем ва ҳифз менамоем.

Иди забону Рӯзи забон ба ҳамагон ҳуҷаста бод!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>