Корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ

КОНИБОДОМ. Мувофиқи нақша-чораҷӯии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар кӯдакистони № 15 вохӯрӣ бахшида ба муносибати дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя ва тарғиби сиёсати Пешвои миллат Асосгузори сулҳу вахдат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони кӯдакистон гузаронида шуд. Дар он намояндагони КИШ ҲХДТ Фирӯз Ҳоҷиев ва Фирӯза Шерматова иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти вохурӣ кӯдакон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва иди омӯзгорон лаҳзае хушҳолӣ намоиш доданд.  Фируз Ҳоҷиев – мудири бахши ташкилии  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар баромади хеш оид ба нақши ҲХДТ дар пешрафти ҷомеа, муносибати   ногусастании  Тоҷикистону Ӯзбекистон,  тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва оиди ҷонибдории ин ҳизби созанда ҳарф зад. Фирӯза Шерматова – мутаххасиси бахши занони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ оиди ғамхорихои давлату ҳукумат нисбати занон , баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, афзудани  маоши кормандони буҷавӣ харф зада, аз онхо даъват ба амал  овард , ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳо насли ояндасози миллатро дар руҳияи ватандустӣ,  хештаншиносӣ  ва худогохӣ тарбия намоянд. Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба хафт нафар мураббиён шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Мураббияи соли 2018 Мадина Салоҳиддинова дар баромади хеш боифтихор аз ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии Ватан ҳарф зада,  тарбияи хуби кӯдаконро , ки ояндаи ҷамъиятанд , аввалиндараҷа кайд намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>