Ҷахони сипос

1

ХУҶАНД. Муаллим равшангари дилу дидахост .Омӯзгорон шарафмандтар аз волидонанд, зеро «Хаққи устод аз падар беш аст…» Муаллим мисли оина поку мусаффо, саршор аз муҳаббат, садоқат ва вафову вафодорист. Муаллим мухандиси руҳи инсон, навозандаи калбҳост.  Рушди нерӯи инсонӣ низ аз муаллим ва маориф маншаъ мегирад. Аз ин лиҳоз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Тибқи нақша — чорабинихои  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, хоса шуъбаи кор бо занони он Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифт, конференсияи илмӣ-адабиро таҳти унвони «Муаллим ҷашми дилҳо боз созад» дар ташкилоти ибтидоии ба номи Саидҷон Усаров роҳандозӣ намояд.  Дар чорабинии мазкур собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Наима Муъминова, намояндагони маорифи шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд. Ҳамзамон намояндагони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд  Эҳсонҷон Исоев ва Зеварой Бобоева баромад намуда, ба аъзоёни фаъоли хизб Ифтихорнома ва Сипосномаҳо такдим намуданд.  Дар хотимаи конференсия Раиси ТИ ба номи Саидҷон Усаров Файзиев Файзуллочон омӯзгоронро бо иди касбиашон шодбод гуфта,ба чанде аз муаллимони варзида Ифтихорнома ва Сипоснома такдим намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>