Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018” доир хоҳад шуд

СУҒД. 11 октябри соли ҷорӣ дар Кохи фарҳанги “Суғдиён”-и маркази вилоят бахшида ба 10-солагии таъсисёбии минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии иқтисодии “Суғд-2018” таҳти унвони “Дастовардҳо ва имкониятҳои нав” баргузор мегардад. Анҷумани мазкур бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Маъмурияти МОИ “Суғд”  доир ва дар он дастовардҳои кунунӣ ва густариши фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Тавре аз Маъмурияти МОИ “Суғд” хабар доданд, дар Анҷуман дар қатори фароҳам овардани замина ҷиҳати барпо намудани алоқаҳои ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ватаниву хориҷӣ  масъалаи омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҳамсоя низ муҳокима карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>