ДУРАХШИ СИТОРАИ БАХТ

Peshvoi-millat

Эҳдо ба Пешвои миллат, ки ба мамлакат сулҳу оромӣ ва ба мардуми он бахту саодат овард
Инсоният ҳамеша ба наҷотбахше ниёз ва ба муъҷизае бовар дорад. Чашм ба роҳи наҷотбахши муъҷизаофаре ҳаст, ки ӯро аз фалокати ба сари худаш оварда наҷот диҳад. Дар миёни мардуми олам миллати ҷафокашидаи тоҷик низ истисно нест. Ин миллати пуртоқат ҳазор сол интизорӣ кашид, то наҷотбахше пайдо шаваду як хиёнати рӯҳониёни ҷоҳталаби асолатбохтаро, ки мардумро гумроҳ карда, аз мубориза бар зидди душманони беруна боздоштанд ва дарвозаҳоро ба рӯи аҷнабиён боз карданд, ҷуброн кунад… Баъд аз ҳазор сол бо вазидани насими истиқлол аввалин тундбоди ҷаҳолат низ ҳамроҳи ришу саллаи як зумра бемағзон вориди ҳаёти ин миллат гардид. Ҳаёте, ки талхиаш то ҳанӯз дар коми модарони фарзандгумкарда ва фарзандони ятиммонда барҷост. Як гурӯҳ гумроҳкунанда буданд, гурўҳи дигар гумроҳшуда ва чун ҳамеша теъдоди ниҳоят каме вуҷуд дошт, ки роҳи дурусти баромадан аз зулмотро медонист. Ин теъдоди ками шахсиятҳои огоҳ низ ба раҳнамое ниёз доштанд, ки тавонад онҳоро дар наҷоти халқу давлат роҳбарӣ кунад. Ба бахти тоҷикон ин шахси наҷотбахш дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад ва ниҳоят миллат Пешвои ҳақиқии худро ёфт. Пешвое, ки барои миллат сулҳу оромӣ ва бахту саодат овард. Воқеан, барои миллати тоҷик хушбахтии бузурге даст дод, ки дар шароити тақдирсоз ва вазъияте, ки ҳеҷ кас ба ояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бовар надошт, фарзанди баномус ва ватандӯсти миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омада, дар дили халқ шӯълаи умедро дурахшон карданд. Маҳз аз даврае, ки мавсуф раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва бо ҷасорату эътимод ваъда доданд, ки “Ман ба Шумо сулҳ меорам”, халқи тоҷик дар симояшон Пешвои воқеии худро дид. Маҳз дар ҳамин давра бо роҳандозии дурусти сиёсати дохилӣ ва дипломатияи байналмилалӣ, аз як сӯ, мардумро ба ваҳдати миллӣ даъват намуданд ва аз сӯи дигар, ҷомеаи ҷаҳониро ба афзалиятҳои хотимаи ҳарчи зудтари ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон барои минтақа мутақоид сохтанд. Набояд фаромўш сохт, ки дар чунин шароити сангин аз буҳрони нон дида, буҳрони идеологӣ вазнинтар буд ва пас аз пошхўрии ИҶШС ин буҳрон яке аз омилҳои асосии қаҳтиву бесарусомониҳо гардид. Чун фазои идеологӣ холӣ монд, ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ки аксарашон аз берун идора мешуданд, бо мақсади аз байн бурдани давлатдории тоҷикон дар миёни мардум фитнаву тафриқа оғоз карда буданд. Гурўҳе низоми коммунистиро таклифу тарғиб мекарду гурўҳе низоми диниро аз ҳама муҳим мешумурд, гурўҳи дигаре низомҳои демократиро. Мардум роҳгум зада буд! Ин вазъиятро танҳо шахсе ба даст гирифта метавонист, ки иродаи қавии сиёсӣ дорад ва ин шахс Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтиром гузоштан ба андешаи ҳамаи фирқаву гурӯҳҳо ташаббусро ба даст гирифт ва аз рӯзҳои аввали Иҷлосияи тақдирсоз иброз дошт, ки ман шахсан ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам. Ин иродаи таърихӣ минбаъд дар шакли меъёри конститутсионӣ низоми имрӯзаи давлатдории моро муайяну мушаххас сохт ва ҷомеаро аз гирдоби номуайяниҳо раҳонид. Ҳамзамон Пешвои миллат борҳо иброз доштаанд, ки мо дар роҳи ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо дарназардошти хусусиятҳои миллиамон роҳи муайяни худро дорем ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз модели дигар кишварҳо нусхабардорӣ нахоҳем кард ва иҷозат ҳам намедиҳем кадом як модели дигари давлатдориро сари мо таҳмил кунанд. Дар доираи чунин принсипҳо сутуни давлатдории навини тоҷикон мустаҳкам гардид. Ҳамзамон ҷиҳати ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва рукну арзишҳои муҳими конститутсионӣ ҳанӯз халои идеологӣ ташвишовар ба назар мерасид. Пешвои ҷавони миллати тоҷик инро аз рӯзҳои аввал дарк намуд ва фавран дар паи аз байн бурдани холигоҳи идеологӣ аз роҳи ба вуҷуд овардани идеологияи нави миллӣ ва ҷавобгӯ ба ормонҳои ҳазорсолаи халқи ҷафокашидаи тоҷик гардид. Бо ин мақсад дар чунин марҳилаи ниҳоят тақдирсоз бо ташаббус ва бар пояи ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин неруи сиёсӣ тавонист ҷомеаро ба маҷрои дурусти созандагӣ ворид созад. Яъне аз роҳи таъсиси ҲХДТ Пешвои хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди сиёсиеро ба вуҷуд овард, ки дар он неруҳои солими ҷомеа муттаҳид шуда, дар ташаккули маънавиёти ҷомеа саҳм гузоранд, то мардум ба чунин ояндаи дурахшон, ки имрӯз дорем, бирасанд. Аз ин нукта равшан ба назар мерасад, ки ҳар рафтору амал ва нияту ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба манфиати халқу давлат ва саодату хушбахтии ҳар яки мо, мардуми Тоҷикистон равона шудааст. Чун ба гузаштаҳои дуру наздик воқеъбинона назар мекунем, “таърихи миллати мо саропо аз муборизаҳои ошкору ниҳон барои нигоҳ доштани ҳастӣ, оини давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ иборат аст”. Ин суханони арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ёдоварӣ аз гузаштаи пурифтихори миллат ишораест ба халқи тоҷик ҷиҳати ибрат гирифтан аз аҷдоди миллатдӯсту ватанпарварамон. Бо ҳамин ишораҳо мо ба авзои солҳои навадум ва аз кадом ҳол ба ин рӯзҳои равшан расидани миллати тоҷик бо дарназардошти он, ки хизматҳои Пешвои миллат дар ин росто чун оина барои ҳамагон аён аст, иктифо мекунем ва рӯ меорем ба кору пайкори Пешвои миллат дар марҳилаи нави ташаккули давлатдории тоҷикон. Дар марҳилаи навбатӣ, ки таъсири манфии оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳамаи самту соҳаҳои ҳаётан муҳим расида буд, миллати тоҷик шоҳиди маҳорати баланди корбариву корофаринии Пешвои худ гардид. Дар ҳоле, ки бо чунин вазъият ба по хестани Тоҷикистонро дар тўли як садсола “пешгӯӣ” мекарданд, Пешвои миллат бо роҳандозии барномаҳои дақиқ ва муттаҳид кардани мардум атрофи амалӣ сохтани се ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикӣ ҷомеаро дар роҳи созандагӣ дилгарм сохт. Вақт нишон дод, ки бо анҷом додани як қатор тадбирҳои хирадмандона, махсусан тақсим намудани замин миёни мардум нахуст амнияти озуқаворӣ пурра таъмин гардид ва дастархони ҳар як сокини кишвар пур аз нон шуд. Зимнан, давоми камтар аз як даҳсолаи дигар бунёду таҷдиди роҳҳои оҳану мошингард, нақбҳо ва хатсайрҳои нави ҳавоӣ тамоми гӯшаҳои Тоҷикистонро ба ҳам васл намуда, аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра баромадем. Замоне, ки мардум Пешвои худро ҳангоми идораи техникаи вазнин ҷиҳати тағйир додани маҷрои об ва оғози бунёди сарбанди НБО “Роғун” диданд, барои сокинони кишвар масъалаи расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ кори ҳалшуда дониста шуд. Ин аст мактаби номусу ҷавонмардӣ! Дар зимн нуктаи аслие, ки дар рушди давлатдорӣ ва эҳёи андешаи миллии тоҷикон дар марҳилаи навин нақши хеле муассир гузошт, ин қобилияти дурандешии Пешвои миллат, дарки набзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иродаи қавии сиёсиашон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро аз вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатарҳои он ба истиқлолияти давлатӣ ҳанўз 12 сол пеш ҳушдор дода буданд. Пешвои миллат ҳанӯз соли 2006 вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳониро пешбинӣ намуда, дар китоби худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” миллати тоҷикро аз хатарҳои геополитикӣ, ба монанди терроризму экстремизм, вусъати бесобиқаи бархўрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон, низоъҳои ақидавию мазҳабӣ, ифротгароии динӣ, тарғиби ғояҳои тахрибкориву зӯроварӣ ва ҷангу куштор (кибертерроризм), инқилобҳои ранга, терроризми генетикӣ, ки ҳамаи инҳо аз заиф шудани вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ ва духўрагиҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳанд, ҳушдор дода буданд. Ин ҳушдорҳо симои воқеии бархўрди манфиатҳоро ошкор сохта, дарси хубе шуданд барои мардум дар шинохти авзои сиёсии ҷаҳон. Дар ин росто мебояд бо ибратомӯзӣ аз таҷрибаи талхи давлатҳои Ғарбу Шарқ (Украина, Ироқ, Миср, Сурия…) ва талхтарин таҷрибае, ки худ аз ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум бардоштем, дар моварои ин бархурдҳо зирак бошем ва дӯстро аз душман фарқ карда тавонем. Дар масоили давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ набояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо – Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд. Ин ҷо низ миллати тоҷик ба сифати пуштибон ва сипари боэътимоди худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарёфт. Зимнан, ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дар роҳи кам кардани таъсири чунин буҳронҳои фарогири глобалӣ, (ки ҳатто давлатҳои абарқудратро чи аз ҷиҳати сиёсиву амниятӣ ва чи аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ сахт такон дода истодааст), боис гардид, ки Тоҷикистон дар роҳи дурусти интихобкардааш устуворона қадам занад ва мардуми тоҷик ваҳдати миллӣ ва саодату хушбахтии хешро ҳифз намояд. Шоёни зикр аст, ки дар моварои ҳама шебу фарози роҳи давлатсозии миллӣ нуктаи муҳим эҳёи андешаи миллӣ буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сарсупурдаи халқу давлат дар баробари анҷоми рисолати бузургу сангини роҳбарӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи огоҳии ҷомеа ва ёдоварӣ аз хизматҳои фарзандони бонангу номуси миллат пайваста талош намуда, зимнан бо омӯзиш ва офаридани асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ бар рушди илмҳои ҷамъиятӣ дар кишвар мусоидат менамоянд. Пешвои миллати тоҷик воқеан шахси омӯзанда ҳастанд ва аз нодиртарин роҳбарони муосир мебошанд, ки бо вуҷуди корҳои зиёди давлатӣ барои китоб хондан вақт ҷудо мекунанд ва махсусан ба омӯзиши таърихи гузаштаи миллати худ хеле самимӣ муносибат менамоянд. Тавре худ зикр намудаанд: “Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам”. Ин мояи ибрат ва пайравии ҳамаи ҷавонон аст. Бояд гуфт, яке аз бузургтарин асарҳои таърихии муосир- ин китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” мебошад, ки дар се китоб давоми солҳои 1999-2006 аз ҷониби Пешвои миллат эҷод гашта буданд. Ин асар дар 18 соли охир заминаи мустаҳками таҳқиқотӣ дар илми таърихи тоҷик гардид ва дар пайравии он даҳҳо асари дигари илмӣ аз тарафи олимони тоҷик, махсусан муҳаққиқони ҷавони кишвар офарида шуданд. Яке аз дигар асарҳои Пешвои миллат китоби “Чеҳраҳои мондагор” мебошад, ки тавре дар муаррифиномааш зикр шудааст, “дар асоси осори илмиву таърихӣ ва маърӯзаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мураттаб” гардида, ба аҳволу осори 25 шахсияти муътабари ҷаҳонӣ ва чеҳраҳои мондагор дар таърихи миллати тоҷик бахшида шудааст. Дар он ҳар як шахсият, сар карда аз Куруши Кабир то Сотим Улуғзода, бо хусусиятҳои хоси худ зикр гардидаанд, ки барои баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии миллӣ замина мегузорад. Он вижагиҳо ба номи шахсиятҳо ба тартиби зерин дар сарлавҳаҳо зикр шудаанд: Куруши Кабир – бунёдгузори давлати мутамаддин, Спитамен – парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол, Зардушт – паёмбари оини ростин, Монӣ – бозтоби нур дар зулмот, Маздак – пешвои мардумдӯсти Эрони бостон, Муҳаммад (с) – бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ, Имоми Аъзам – асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро, Исмоили Сомонӣ – абармарди хирад ва сиёсат, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – қофиласолори адабиёти тоҷику форс, Абулқосим Фирдавсӣ – ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад, Абӯалӣ ибни Сино – мутафаккири абадзинда, Носири Хусрав – суханвари бузург ва марди андеша, Шамси Табрезӣ – шахсияти бузург ва камназири олами ирфон, Ҷалолиддини Балхӣ – пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – таблиғгари фарҳанги сулҳ ва хостори ваҳдату субот, Камоли Хуҷандӣ – бунёдгузори кохи азими сухан, Абдураҳмони Ҷомӣ – пешвои ҳавзаи илмиву адабии Мовароуннаҳру Хуросон, Мирзо Абулқодири Бедил – нобиғаи шеър ва пайвандгари ду кишвар, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ – суханвари номвари адабиёти тоҷик, Садриддин Айнӣ – зиндагонӣ ва қаҳрамонӣ, Нусратулло Махсум — ҷонфидои миллат, Шириншо Шотемур – тулӯи офтоби зиёбахш, Бобоҷон Ғафуров – олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ, Мирзо Турсунзода – шоири бузург ва ходими маъруфи ҷамъиятӣ ва Сотим Улуғзода – мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ. Зикри ҳамин вижагиҳо кофист, ки ҷомеа дар роҳи худшиносии миллӣ қадами наву устувор гузорад. Тавре аз мактаби худшиносии Пешвои миллат омӯхтаем, ҳар давраи таърихӣ бо дарназардошти рушду тараққиёт ва пешравиҳову тағйироти мусбиву манфии худ ба ҳаёти сиёсиву фарҳангии давлату миллатҳо таъсири худро мерасонанд. Зимнан, ҳар як давраи нави таърихӣ аз буҳрону мушкилоти амиқе оғоз меёбад, ки барои оммаи мардум фазои тоқатфарсо меофарад. Маҳз дар чунин давраҳо ҷавонмардони ватандӯст бо матонату ҷасорати хоси худ шиносоӣ мешаванд ва давлату миллатро аз бузургтарин офатҳо наҷот мебахшанд. Намунаи барҷастаи чунин шахсиятҳо худи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистонро дар давраи гузариш аз сангинтарин буҳрон – ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бахшида, ба саодатмандӣ ва ин рӯзҳои нек расонид. Ҳамчунин, бо таъбири он ки “бузургонро бузургон зинда медоранд”, Пешвои миллат дар эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ кӯшида, бо асарҳои безаволи худ аз бузургони гузашта ба некӣ ёд меорад ва тоҷиконро аз ҳувияти миллиамон огоҳ месозад. Маҳз чунин инсони бузург метавонад дарк кунад, ки омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти ин шахсиятҳои таърихӣ барои тарбияи наслҳо хеле пураҳамият буда, барои таҳким бахшидани пояҳои истиқлолият ва поянда доштани ҳуввияту асолати миллӣ дар оянда амри зарурист. Ҳамзамон, рушди фарҳангу маънавиёт ва тарбияи насли нав аз омӯзиши давраҳои муайяни таърихӣ вобастагии калон дорад. Асарҳои офаридаи Пешвои миллат ва кору пайкорашон дар амал дар вуҷуди мо ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллатро ҳамчун як рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ бедор карда, собит месозад, ки “мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ҷомеаи мутамаддини демократӣ бо ҳувият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, бо дастоварду комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардидем”. Ин ҳам хушбахтии мо миллати тоҷик аст, ки Пешвои миллатамон ҳамчун ҳомиву раҳнамо бар пояи бозшиносоӣ намудани шахсиятҳои таърихӣ моро ба саҳифаҳои пурифтихори гузашта ошно намуда, бо омӯзиши таҷрибаҳои ниёкон имкон фароҳам меоранд, то ҷойгоҳи мустаҳками худро дар ҷаҳони муосир пайдо кунем. Тавре Пешвои миллат зикр намудаанд: “Замони муосир моро водор месозад, ки баробари ифтихор доштан аз гузаштагони хеш дар арсаи зиндагии имрӯза қаҳрамонҳои корзори замонро ба воя расонем”. Дар ин росто Пешвои миллат ҷавононро дар назар доранд. Яъне, Пешвои миллат дар баробари умед ба ояндаи нек, ҳамзамон нақшаҳои хеле бузурге нисбат ба насли ояндасози миллат доранд, ки инро аз иқдомҳои дурандешонаашон пайваста эҳсос кардаем. Воқеан дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боз кардани чашми худшиносиву худогоҳии миллати тоҷик нақши калидӣ дошта, ҳамчун сипари боэътимод моро аз ҳама гуна офатҳои ҷаҳонӣ ҳимоя месозад ва ба ояндаи равшану пурсаодат раҳнамоӣ мекунад. Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу Ватан хеле беназир буда, барои ҳар сокини ватандӯсту миллатпарвар боиси арҷгузорӣ ва намунаи олии ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, иқрор бояд шуд, ки дар тасвири он ҳама азхудгузариҳову фидокориҳои Пешвои миллат дар роҳи саодати халқу ватан, қалам оҷиз мемонад. Ҳарорати меҳру муҳаббати Пешвои миллат нисбат ба ҳар як сокини кишвар танҳо аз роҳи эҳсос пурра муяссар мегардад. Ҳар нафаре, ки дар синааш қалби поку беолоиш дорад ҳатман нисбати худ ва Тоҷикистони азиз гармии самимияту дилсӯзии Пешвои миллатро эҳсос мекунад.
Мо бо Пешвои худ ифтихор мекунем! Зеро Пешвои миллати мо ҷони худро барои наҷоти халқаш сипар кард, ба миллат умри дубора бахшид, андешаи миллиро эҳё кард, Тоҷикистонро ободу машҳури дунё ва миллати тоҷикро сарбаланд олам гардонид… Воқеан рӯзи ба дунё омадани Эмомалӣ Раҳмон оғози хандаи бахти миллати тоҷик аст!

ЗОДРЎЗ МУБОРАК, ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ!

Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>