Мулоқот дар деҳаи Орифон

IMG_20181004_142859 - копия

ИСФАРА. Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара мулоқот бо роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз деҳоти Навгилем дар хонаи маданияти деҳаи Орифон баргузор гардид. Дар даромадгоҳи хонаи маданият бахшида ба “Соли 2018 – соли сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” намоиши дастранҷи ҳунармандони деҳаи Орифон ба маъраз гузошта шуда буд. Нахуст аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии деҳоти Навгилем барномаи адабиро бахшида ба Рӯзи забон манзури иштирокдорони мулоқот карданд. Мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара С. Амонуллоев бахшида ба Рузи забони давлатӣ дар мавзӯъи “Забон омили пешрафти ҷомеа, доир ба мавзӯъи “Ҳифзи Ватан қарзӣ шаҳрвандӣ” мудири бахши ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара, сардори намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” О.Амонуллоев баромад карданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>