«Забон пояи устувори давлатдорист»

ЗАФАРОБОД. Ҳамасола санаи 5-октябр дар сар то сари мамлакат Рӯзи забони тоҷикӣ бо тантана таҷлил карда мешавад.  Ҷашни Рӯзи забони тоҷикӣ-ин ганҷинаи бебаҳои миллат ва муқаддасоти кишвар дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Зафаробод бо тантана баргузор гардид. Ин ҷашни фархундаи миллат дар МТМУ №22 ба номи А.Рӯдакӣ бо иштироки устозону мутахассисони муассиса баргузор гардида, дар чорабинӣ Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифов Туйғун иштирок ва суханронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки забони тоҷикӣ як рукни давлатдорӣ буда эҳтиром ва арҷгузории он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Чорабинӣ бо шукӯҳ ва бо тантана баргузор гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>