Баррасиии муроҷати шаҳрвандон

DSC_9918

АШТ. Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ва мусоидат ҷиҳати ҳалли саривақтии муаммоҳои ҷойдошта яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳизбӣ маҳсуб меёбад. Чанде қабл шаҳрвандони русзабони ноҳия Асракулова Зухра, Самиева Олия, Самиева Надежда бо мақсади расонидани кӯмаки моддӣ ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб муроҷиат намуда буданд. Санаи 05 октябри соли равон бо мақсади татбиқи амалии Оиннома ва Барномаи ҲХДТ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Б.Зиёӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ шахсони мазкурро аёдат намуда, ба онҳо маводи хӯрока тақдим намуд. Зикр карда шуд, ки ҳимояи манфиати ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, самти асосии сиёсати роҳбарияти мамлакат ва ҲХДТ маҳсуб меёбад. Аёдатшавандагон бо қаноатмандӣ ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>