Ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа

IMG_5862

ГУЛИСТОН. Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси  ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нӯҳмоҳи соли 2018 бо иштироки фаъолони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб ва коркунони кумиҷроия баргузор гардид. Дар маҷлис 3 масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.   Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома сухан ба раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон  Ғайбуллозода  дода  шуд.  Муслимахон Ҷамолиён оид ба бурду бохти фаъолияти кумиҷроияи шаҳрӣ, ки дар давоми нуҳ моҳ тибқи нақшаи корӣ баргузор карда шуда буд, ба ҳозирин маълумотҳо доданд. Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳи Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Мӯъҷиби хушнудист, ки рӯз аз рӯз мардуми кишвар аз неъматҳои истиқлолияти давлати азизамон баҳравар гардида, дар раванди ҳаёту зиндагӣ онро эҳсос намуда истодаанд. Имрӯз мехоҳем, бо ҷамъи дастовардҳои мавҷуда ба як нуқтаи муҳим, нигоҳи Пешвои миллат ба ҳадафҳои созандаи ҳизб, ки беҳтарин таблиғоти Раиси муаззами ҲХДТ маҳсуб меёбад бо диққати махсус назар афканем. Беҳтарин таблиғоти ҳадафҳои созандаи ҳизб аз нигоҳи Раиси муаззами ҳизб ин аст: “Ҳар кас дар ҷои кораш бо дасту дили гарми муҳаббат ва садоқат нисбат ба ғояҳои бунёдкоронаи ҳизб бояд фаъолият намояд”. Ин фалсафаи хирадмандонаи таблиғоти Раиси ҲХДТ бояд имрӯзу фардо пойдевори фаъолияти ҳар яки мо гардад. Пас сухан ба маърӯзачиҳо ба Раисони ташкилотҳои ибтидоӣ “Бахши фарҳанг”, шаҳраки “Консой” ва “Шоҳин” дода шуд. Баромади онҳо низ оид ба фаъолияти кори  нуҳмоҳа дар ташкилотҳои ибтидоӣ шунида шуданд. Доираи  омӯзиш ва тарғибу ташвиқи  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатӣ» мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Раҳимова М.А, баромад намуда, оид ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, гузаронидани суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳисобот дод. Дар идомаи сухан, таъкид намуд, ки омӯзиш ва рушди забони тоҷикӣ ва корбурди он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар ташаккули маънавиёти миллӣ ва давлатдории миллӣ нақши муҳим дорад. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар самти омӯзиш ва рушди Забони давлатӣ корбариро давом дода истодааст. Дар оянда низ, ҷиҳати тақвият бахшидан  ба амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ” бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбатҳоро дар ташкилотҳои ибтидоӣ мунтазам ба роҳ мегузорад. Нисбати масъалаҳои баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.   Инчунин, 24 нафар аз ҳисоби пешқадамони истеҳсолот, занону ҷавонони фаъол ба сафи ҳизб қабул карда шуда, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд. КИ тасмим гирифт, ки ба  аъзоёни фаъоли ҳизб, ки дар корҳи ҳизбӣ, чорабиниҳои он фаъолона иштирок намудаанд, барои ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи он ва бо ин васила зиёд намудани аъзои ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии худ саҳми арзанда гузоштаанд, бо сипоснома  хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ сарфароз гардонад. Дар ҳузури меҳмонон, сипоснома  супорида шуда, масъалаҳои маҷлис пурра баррасӣ гардиданд ва маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҷамъбаст гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>