Рӯзи дарҳои кушод

БӮСТОН. Санаи 4-уми октябри соли равон бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар якҷоягӣ бо намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» тибқи барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, №23 аз 25 сентябри соли 2018  чорабинии Рӯзи дарҳои кушодро дар қисми ҳарбии 01972 (Дивизия) дар шаҳр воқеъбуда ташкил ва баргузор намуд. Дар чорабинии мазкур 174 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзида, аз шарту шароити хизмати сарбозони қисми низомии мазкур бохабар шуданд. Боиси зикр аст, ки чораббинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани обрӯю эътибор ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ташкил карда шуда корбариҳо дар ин самт идома доранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>