Нақшаи даъвати ҳарбӣ иҷро гашт

20181004_104038

СПИТАМЕН. Дар варзишгоҳи ноҳияи Спитамен маросими  гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.  Дар чорабинии мазкур сараввал Раиси ноҳияи Спитамен А.Сулаймонзода баромад намуда, ба ҷавонон дар давоми хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон   бурдбориҳо таманно намуд. Сипас комиссиари комиссиарати ҳарбии ноҳия, аз номи падару модарон Шерматова М,  ҷавондухтари ноҳия Ашуралиева Н, имомхатиби ноҳия Исмоилзода Б аз номи сокинони ноҳия ба наваскарон дар давоми хизмат сарбаландӣ, бурдбориҳо ва далерию шуҷоат талаб намуда  дуо    намуданд.    Сипас чорабинии мазкур бо қисми фарҳангии идома ёфт, ҳамаи ҷамъшудагон бо хушу хурсанди наваскаронро ба хизмати   Модар Ватан гусел намуданд. Дар даъвати мазкур аз  ноҳияи Спитамен 170  нафар ҷавонони бонангу номус баҳри ҳимояи Ватан ва баҳри адои қарзи шарҳвандӣ роҳи хизматро пеша намуданд. Боиси қайд аст, ки дар даъвати якум ноҳия  нақшаи гусели навасакоронро иҷро намуд. Баҳри иҷро гаштани нақшаи мазкур хизматҳои  роҳбари намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан»  Муҳаммадиев М хеле назаррас аст, зеро маҳз бо корҳои тарғиботию ташвиқотӣ  ва пайваста ташкили чорабиниҳои сиёсиву фарҳанги метавон ба чунин натиҷа ноил гашт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>