Гусели наваскарон

20181004_095000

АЙНӢ. Санаи 4-уми октябри  соли равон дар назди   Қасри  фарҳанги  ба  номи  Нақибхон  Туғрал бо иштироки  раисони ҷамоатҳо, кормандони комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбари  КИ ҲХДТ дар ноҳия, падару модарон ва пайвандон гусели наваскарон барпо гардид. Нахуст, комиссари ҳарбӣ майор Абдулло  Абдуллоев  оиди омодагии 45 нафар наваскароне, ки ба хизмати ҳарбӣ омадаанд, ҳисобот дод. Сипас, раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода дар суханрониихуд ба ҳамаи наваскарон ва волидайнашон миннатдорӣ баён намуд. да Ҳамзамон  ба 27-нафар   наваскарон   ҳуҷҷати  ронандагӣ   дар  фазои  тантананок  супорида   шуд.  Модари наваскар Муҳсина  Атобуллоева баромада аз ободии Ватан, ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ҷавонони баору номус ба ҳимояи Ватан рафта, вазифаи шаҳрвандии худро иҷро намуда, минбаъд низ баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда мегузоранд.   Даъватшаванда Бекмуродов  Фараҳзод  –сокини  деҳаи Зоосуни  ҷамоати  деҳоти  Айнӣ чунин зикр намуд:  Ман  хатмкардаи  Донишгоҳи  ҳуқуқ  бизнес  ва  сиёсат  мебошам ва  хизмат ба Ватан барои ман шараф аст.  Ватан-Модар ҳаммаъноянд, ҳимояи Ватанд, ҳимояи модар аст. Талош менамоям, ки бо сари баланд рафта хизмати Ватанро ба ҷо орам ва ба назди волидайн бо сари баланд баргардам. Ҳамаи наваскароне, ки дар бари ман истодаанд бо ихтиёри худ омадаанд. Аз ин рӯ кушиш менамоем, ки  Ватани азизамонро ҳимоя намоем.  Дар охир барои наваскарон, падару модарон ва иштирокдорон ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби  консертӣ намоиш доданд. Гусели наваскарон хело хотирмон ва дар фазои якдиливу ватандӯстӣ  анҷом ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>