Гусели наваскарон

ИСТАРАВШАН. Маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо муваффақият оғоз гардида, 100 нафар ҷавонони даъватшаванда ихтиёран барои хизмат ба Ватан раҳсипор гаштанд. Маросими ботантанаи гусели онҳо дар назди пояи Нишони давлатӣ баргузор гардид. Дар ин тантана раиси шаҳр Б. Иноятзода баромад намуда, наваскаронро барои хизмати содиқона ба Ватан даъват намуд, зеро дӯст доштани Ватан ва хизмат ба он қарзи ҳар як ҷавонмарди соҳибдил аст. Сипас раиси шаҳр баҳри хизмати арзанда намудан дар маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба прокурори шаҳри Истаравшан Шӯҳрат Музаффарзода, сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Истаравшан Шамсулло Маҳмудов, муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Истаравшан Сайфулло Фозилов, сардори ҳифзи тартиботии ШКД Илҳом Умарқулов, нозири минтақавии ШКД Рустам Абдураҳмонзода медалҳои ҷашнии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинобар дар рӯзҳои аввал иҷро намудани нақшаи даъват ба раисони ҷамоатҳои деҳоти «Сабристон» Шерқӯзӣ Ҳоҷиев ва «Ниҷонӣ» Рӯзиқул Рустамов тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. Дар назди иштирокчиёни ҷамъомад раиси шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Истаравшан А.Қаюмов, сарбози қатории қисми ҳарбии 0202 Насимҷон Ҷумъаев, модари даъватшаванда Моҳира Почобоева баромад намуданд. Даъватшаванда Хушдил Додоҷонов аз номи даъватшавандагон иброз намуд, ки ба Ватан содиқона хизмат мекунанд. Дар хотима барномаи ҷолиби консертии бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳр ва барномаи омоданамудаи сарбозони қисми ҳарбии 0202 шаҳри Истаравшан баҳри болидахотирии аҳли ҷамъомадагон пешкаш гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>