Хизмат ба ватан қарзи ҳар як шаҳрванд

IMG-0ef3cc495dd4eb16d889e182ebea02d7-V

КОНИБОДОМ. Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Имрӯзҳо дар саросари кишварамон бо Фармони Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомал Раҳмон маъракаи даъвати тирамоҳаи ҷавонписарони синну солашон лоиқ ба хизмати ҳарбӣ оғоз ёфтааст.   Санаи 4 октябри соли ҷорӣ дар майдони оташи абадии шаҳри Конибодом бо иштироки  Боҳирӣ Ғ.Н, собиқадорон, фаъолон, ҷавонон ва  намояндагони сохторҳои гуногун, инчунин аъзоёни ЊХДТ, даъватшавандагон ва волидони онҳо ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.    Ҷамъомад бо маросими гулчанбаргузорӣ ва садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Комиссари ҳарбии шаҳр Музоянзода Ҳ. ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшид. Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ баромад намуда, ҷавонони сарбаландро ба ин муносибат табрик гуфта, дар ҷодаи хизмат ба Ватан  бурдборию  сиҳатмандиро орзу намуданд. Шаҳрдор изҳори боварӣ намуд, ки фарзандони диёр қарзи шаҳрвандии худро дар назди халқу Ватан садоқатмандона адо намуда, ба зодгоҳ сарбаланд бармегарданд. Сипас, даъватшаванда Назиров Донёр ки хатмнамудаи факултаи рӯзноманигории ДДХ аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» баромад намуда, қайд кард, ки фарзандони баору номуси  шаҳр, бо амри  виҷдон  ихтиёрона барои  хизмати  Модар-Ватан ҳозир шуда сарбаландона адо намуда,ба зодгоҳи худ баргарданд. Ҳавлии комиссариати ҳарбии шаҳри Конибодом серодам буд. Ҷавононе, ки  ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан мехостанд, ба он ҷо ҳозир шуда буданд. Ҳар кадоме аз онҳо хизмат ба Модар-Ватанро қарзи  шаҳрвандии худ медонистанд, 95 нафар ҷавонони ба ору номус дар саҳни ҳавлӣ майдони қаҳрамонон саф кашиданд, аз онҳо 45 нафар даъватшавандагон, ки дар мактаби муттаҳидаи Ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳр таҳсил намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ  супорида шуд. Наваскарон низ зимни суханронии худ ваъда доданд, ки ин вазифаи пуршарафро бо сари баланд  ба ҷо меоранд ва ҳамеша  ба ҳифзи Ватан омодаанд. Баъдан дар саҳни бинои комиссариати ҳарбии шаҳр зери навои садою мусиқӣ даъватшавандагон бо ҳамроҳи волидон то дер шодмонӣ намуданд. Барои онҳо бо иқдоми шаҳрдор  дастурхони идона ороста шуд.   Ҳамин тавр, маъракаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бошукӯҳу  хотирмон доир гардид. Дар чорабинӣ мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Шарипов А фаъолона иштирок намуда,бо ҷавонони саодатманд сӯҳбат ороста,ба онҳо дар ҷодаи хизмати Модар-Ватан бурдбори таманно кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>