Гусели тантанавии гуруҳи 1000 нафараи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

СУҒД. Санаи 6 октябр аввалин гуруҳи даъватшавандагон аз вилояти Суғд барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд. Ба муносибати гусели наваскарон дар Амфитеатри Қасри Арбоб бо ҳузури беш аз 7 ҳазор нафар ҷавонон, афсарону сарбозон, кормандони комиссариати ҳарбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, волидони даъватшавандагон ва фаъолони вилоят чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки бо мақсади иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба макони баргузории чорабинӣ омада буд, зимни суханронии худ изҳор дошт, ки гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳое баргузор шуда истодааст, ки мардуми вилоят барои таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон заҳмат кашида истодаанд. Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз шароитҳои фароҳамшуда дар қисмҳои низомӣ таъкид дошт, ки Артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Онҳо дар лаҳзаҳои хеле мушкил ҳамчун ҳомиёни содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонату мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати нави тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзҳои нахустини гусели даъватшавандагон ноҳияҳои Спитамен, Шаҳристон ва Куҳистони Мастчоҳ нақшаи муайяншударо пурра иҷро намуданд ва дар дигар ноҳияҳо даъвати ҷавонон ҷараён дорад. Маҳз дар натиҷаи корбарии пурсамар теъдоди ихтиёриён сол аз сол афзуда, ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир мешаванд. Дар рӯзҳои нахустини даъвати тирамоҳӣ беш аз 1000 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои муссалаҳ сафарбар мешаванд. Изҳори умед карда шуд, ки наваскарони шуҷоъ бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм мегузоранд ва зимни иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Оинномаҳои хизматӣ, манфиатҳои сиёсӣ, якпорчагии Ватани азизамонро бошарафона ҳимоя хоҳанд кард. Сипас, маъракаи мардумии «Нонгазон» доир шуд ва даъватшавандагон дар зери таронаҳои тоҷикона бо ҳамроҳии волидони худ то дергоҳ шодмонӣ намуданд. Барномаи ҷолиби консертии фарҳангиёни вилоят ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид. Барои даъватшавандагон ва волидони онҳо дар майдони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастурхони идона ороста шуд ва даъватшавандагон пас аз тановули хӯрок озими қисмҳои низомӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>