Вохурии вакил бо интихобкунандагон

43033975_552432075211731_3763903162604322816_n

МАСТЧОҲ. Дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Оббурдон» №52 Ғайрат Азиззода бо интихобкунандагон баргузор гардид. Нахуст вакил Ғайрат Азиззода доир ба иҷрои ваколатҳои вакилияш аз рӯзи интихоб шудан то имрӯз маълумот дода, изҳор дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои ноҳия ба куллӣ тағйир ёфта, Мастчоҳ рӯз аз рӯз ободтару зеботар мешавад.  Тавре, ки ҳамаи шумо огоҳӣ доред, дар доираи таҷлили 27-солагии Истиқлолият дар ноҳияи мо низ чанд иншооти муҳими иҷтимоию таълимӣ, тиббӣ ва фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз вусъат ёфтани раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия шаҳодат медиҳад. Аз он ҷумла дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Азизободи ноҳия филиали муассисаи таълимӣ ва кӯдакистон, дар хоҷагии Юсуф Вафои Ҷамоати деҳоти Оббурдон маркази замонавии саломатӣ бунёд гардида, хонаҳои фарҳанги Ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ ва Оббурдон аз таъмири куллии хушсифат бароварда шуданд. Дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба масофаи 3,6 км хатти оби нӯшокӣ гузаронида шуд. Дар маҳаллаи навбунёди Ҷамоати мазкур 2 адад трасфарматори пуриқтидор насб карда шуд. Бо маблағгузории соҳибкор Шарифов Фаррух толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 бунёд гардид. Дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ 2 километр, Оббурдон 2 километр роҳҳо мумфарш карда шуданд. Инчунин бо ҳиммати соҳибкорони бонангу номус Хусравбек Ҷаҳонгиров, Ҳамроҳхӯҷа Ҳамроев, Фахриддин Зокиров корҳои мумфаршнамоӣ ва чароғонкунии кӯчаҳо ба анҷом расонида шуд, ки шоистаи таҳсин мебошад, — изҳор дошт Ғайрат Азиззода. Дар идомаи суханронии худ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Оббурдон» №52 Ғайрат Азиззода доир ба нақшаҳои минбаъдаи созандагию ободкорӣ сухан гуфта, иттилоъ дод, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тантанаҳои асосии 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ таҷлил карда мешавад, дар ноҳия сохта ба истифода додани беш аз 168 иншоот ба нақша гирифта шудааст, аз ин миқдор 70 адад дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ, яъне ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ ва Оббурдон амалӣ мегардад. Аз он ҷумла, давоми се соли оянда дар деҳоти Мастчоҳ сохтмони навбати дуюми корхонаи сементбарорӣ, фабрикаи парандапарварӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ, сехи дӯзандагӣ, маркази савдо, бинои иловагии табобатгоҳи “Сино”, инчунин таъмири роҳҳо, бунёди ҳаммом, барқарорсозии пойгоҳи обкашии ДВЗ-№2 амалӣ карда мешавад. Дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон бошад, тӯли се соли оянда 10 адад маркази савдо, биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №26, 27, 37, 3 муассисаи таълимии хусусӣ, аз ҷумла 2 кӯдакистон ва 1 мактаби ғайридавлатӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ, толори замонавии варзишӣ, гармхона ва сардхонаҳо, маркази ронандатайёркунӣ, кошонаҳои ҳусн, сартарошхона, ҳуҷрахои хатна бунёд гардида, роҳҳои дохилии ҷамоат таъмир ва дар дар мавзеъҳои навбунёд хатти оби нӯшокӣ ва барқ гузаронида мешаванд. Арзиши умумии ҳамаи ин иншоот зиёда аз 45 млн. сомониро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҳар як ҷамоати деҳот ва шаҳраки ноҳия вусъати азим пайдо мекунад. Дар маҷмӯъ дар ноҳия 168 иншоот ба арзиши зиёда аз 480 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ, ки санаи 19 сентябр сурат гирифт, дар назди роҳбарият ва фаъолони ноҳия вазифа гузоштанд, бо назардошти истифода бурдани захираву имкониятҳои иловагӣ, аз он ҷумла ҷалби соҳибкорону сармоягузорони ватандӯст шумораи иншоотҳо дар тамоми ноҳия то ҷашни 30-солагӣ ба 300 адад расонида шавад. Дар ин самт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ корбарӣ намуда истодааст.- Чунин вусъати корҳои созандагӣ ва таваҷҷуҳи самимии Пешвои миллат ва Раиси вилоят, таъмини сулҳу оромии комил ҳамаи моро масъул ва вазифадор менамояд, ки дар пешрафту ободии ватани азиз ва диёри маҳбуби худ саъю талош намоем. Зеро барои мо – қадри сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ аз ҳама неъмати дунё муқаддастару азиз аст. Тавре, ки ба ин мазмун Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи Дониш ва сулҳ дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд. Зеро халқи Тоҷикистон бар асари даргириҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зарбаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз фаромӯш намекунад”,- таъкид намуд Ғайрат Азиззода, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Оббурдон» №52. Сипас интихобкунандагон бо саволу дархостҳои бешумори худ ба вакил муроҷиат карда, ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд. Аксари муроҷиатҳои шаҳравандон доир ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, бунёди хатҳои нави оби нӯшокӣ, таъсиси мактабу синфхонаҳои иловагӣ дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ ва дигар масоили марбут ба ҳаёти ҳаррӯзаи мардум буданд. Дар охири вохӯрӣ бо пешниҳоди вакил Ғайрат Азиззода интихобкунандагон муроиҷатномаеро қабул намуданд, ки аъмоли хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ ва созмони ба ном “Паймони миллӣ”-ро маҳкум менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>