Тачлили Рузи забони давлатӣ

МАСТЧОҲ. Дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, ки аксари сокинонаш ӯзбекҳо ҳастанд, Рӯзи забони тоҷикиро бо баргузории чорабиниҳои адабию фарҳангӣ истиқбол мегиранд. Дар чунин як чорабинии идона, ки дар чамоати  баргузор гардид, муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров, зиёиёну адибон ва намояндагони ВАО иштирок карданд. Нахуст раиси Ҷамоати деҳоти Навбаҳор Маматалӣ Байзоқов чорабиниро ифтитоҳ карда, доир ба бузургии забони тоҷикӣ, хешии забонҳои ӯзбекию тоҷикӣ ва дӯстии абадии миллатҳои Тоҷикистон маърӯза кард. Зайнура Умарзода, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни ироаи табрикоти раиси ноҳия аз хизматҳои бузурги сарварони ду давлати дӯсту ҳамсоя — Тоҷикистону Ӯзбекистон барои рушди забонҳои ӯзбекию тоҷикӣ дар қаламрави ин мамлакатҳои бародар ёдоварӣ намуд. Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба такомули мақоми забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ сухан гуфта, изҳор дошт, ки маҳз тавассути хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони мо мавқеи шоистаро касб кард. Шоири зуллисонайн Эралӣ Ҷиянбоев бо забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ шеърҳо хонда, маҳфилро лаззати ширу шакар бахшид. Шеъру сурудхонии адибону санъаткорон, хонандагони макотиби рақами 5, 21 ва кормандони бахши фарҳанги ноҳия ба чорабинии мазкур шаҳомати дигар эҳдо кард. Тибқи иттилои М. Байзоқов, раиси Ҷамоати деҳоти Навбаҳор аҳолии ҷамоати мазкур 14709 нафарро ташкил медиҳад, ки 99,8 дарсади онҳо ӯзбектаборанд.- Дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳор 25 деҳа, 16 маҳалла, 9 мактаби миёна ва 1 боғча мавҷуд аст. Дар ҳамаи мактабҳои ҷамоат синфхонаҳои тоҷикӣ ҳастанд ва беҳтарин мутахассисон ба авлодони Низомиддин Алишер Навоӣ забони Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомиро меомӯзонанд, — мегуяд М. Байзоқов, раиси Ҷамоати деҳоти Навбаҳор.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>