Даъвати ҳарбӣ: беш аз 70 нафар дар рӯзи аввал

МАСТЧОҲ. Дар саҳни комиссариати ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ ба муносибати гусели аввалин даъватшавандагони мавсими тирамоҳии имсола ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Пас аз гузориши ҳарбии комиссари ноҳия майор Алиҷон Ниёзов доир ба омодагии ҳайати шахсӣ ва навдаъватшавандагон ба маросими имрӯза Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Сипас раиси ноҳия Ғайрат Азиззода дар бораи нақши хизмати ҳарбӣ дар ташаккули шахсияти ҷавонон, такомули ватандӯстию хештаншиносӣ ва рушди ҷисмонию равонии онҳо сухан гуфта, таъкид намуд, ки Қувваҳои муссалаҳи мамлакат бузургтарин ва беҳтарин мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Ҳар як ҷавонмарди ватандӯсти кишвар, ки ба синни даъват расидааст, бояд бо амри дилу виҷдон барои хизмати модар — ватан омода будани худро нишон диҳад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллпҳи кишвар қарзу фарз ва ифтихори бузург аст, — таъкид намуд Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ. Сипас Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии кишвар сухан гуфта, изҳор дошт, ки кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ҳамасола гуруҳе аз падару модарони сарбозонеро, ки берун аз вилояти Суғд хизмат мекунанд, ба дидобинии фарзандонашон мебарад. Ҳамаи онҳо бо шароити хизмати фарзандони худ ошно гардида, итминон ҳосил мекунанд, ки вазъи хизмат на он тавре ҳаст, ки қаблан тасаввур мекарданд, — гуфт Дилшод Зокиров, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ. Майор Алиҷон Ниёзов, комиссари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар нахустин рӯзи гусели даъвати тирамоҳӣ беш аз 70 нафар ҷавонмардони шарафманди ноҳия барои сазовор шудан ба номи пурифтихори сарбози ватан ариза навишта, аз комиссияи тиббӣ гузаштанд, ки лоиқи табрику таҳсин аст. 28 нафари дигар аз ҷавонони мо, ки дар курсҳои ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд таҳсил менамоянд, барои хизмати ҳарбӣ арзандаву омодаанд, ки дар рӯзҳои наздиктарин онҳоро низ ӣа сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар гусел мекунем, — иттилоъ дод майор Алиҷон Ниёзов комиссари ноҳияи Мастчоҳ. Падари даъватшаванда аз Ҷамоати шаҳраки Суғдиён Қодир Хатибов, даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Палдорак Саидбилол Раҳимзода, модари даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Оббурдон Фирӯзахон Мирзоева ва собиқадори меҳнат Сотимбой Шодибеков оид ба муҳимияти хизмати ҳарбӣ, ватандӯстӣ, ҳамеша омода будан ба дифои арзишҳои муқаддаси миллию давлатӣ сухан гуфта, ҷавонони ноҳияро ба иҷрои ин рисолати шаҳрвандӣ даъват карданд. Дар охир аз ҷониби раиси ноҳия ба Ҷамоати деҳоти Навбаҳор барои иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва ба ҳар даъватшаванда туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Барномаи рангини аҳли фарҳангӣ ноҳия ба иштирокчиёни чорабинӣ рӯҳияи идона эҳдо кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>