Муаллим — сарвару саркори инсон!

МАСТЧОҲ. Дар толори МТМУ №9 бо ибтикори бахши кор бо занони кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ба истмқболи Рӯзи омӯзгор чорабинии идона баргузор гардид. Гулнора Ҷӯраева, и.в. мудири бахши кор бо занони кумиҷроия зимни ироаи табрикот аз мақому мавқеи пуршарафи омӯзгор ва нақши бузурги ӯ дар ташаккули шахсият сухан гуфта, изҳор дошт, ки муаллим офтоби пурнури башарият аст. Садорат Сафарова, муовини раиси Шӯрои занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ оид ба дастгириҳои рӯзафзуни аҳли маориф аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, изҳор дошт, ки ҳамаи мо, омӯзгоронро лозим аст, ки дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо фаъолияти пурсамар дошта бошем. Мавҷудахон Баҳодурзода, мудири бахши кор бо ҷавонони кумиҷроия низ оид ба нақши муаллим дар эъмори давлати пеҳрафта сухан гуфт. Шеъру сурудхонии хонандагони ин муассисаи таълимӣ чорабиниро зеботар кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>