Маҳфили шеъру сухан

43176041_554047698383502_8603180275435831296_n

МАСТЧОҲ. Адиби хушкалом Мирзоҳайдари Умарзод 60 сола шуд. Дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба номи Ислом Саломов ба муносибати 60-солагии ҳаёт ва 40-солагии фаъолияти эҷодии шоиру нависандаи хушзавқ, рӯзноманигори шинохта, раиси бахши суғдии Анҷуманитоҷикон ва форсизабонон ҷаҳон «Пайванд», мудири дафтари иттифоқи байналмиллалии табибон ва нависандагон дар вилояти Суғд, роҳбари маҳфили адабии «Насими Истиқлол» узви фаъоли ҲХДТ Мирзоҳайдари Умарзод маҳфили шеъру сухан ва рақсу суруди дилошӯб баргузор шуд. Нахуст Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ соҳибҷашнро табрик гуфта, оид ба муҳимтарин ҷанбаҳои шеъри Мирзоҳайдари Умарзод ибрози андеша кард. Раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров, шоираи тавоно Гулнози Тоҳириён, адибаи хушсухан Раънои Зоирдухт, роҳбари маҳфили адабии «Зарафшон», номзади илмҳои филологӣ Маликнеъмат Неъматзод, доктори улуми таърих, профессор Муллошо Давлатов, табиби маъруф доктор Муллозуҳур Тоҳирӣ, ҷарроҳи донишманд Саидшо Акрамзода, шоираи шинохта Гулбаҳор Маликзода, адиб Фирӯз Исозода, шоир Мирзоюсуф Тоҳирӣ ва дигар меҳмонону донишварон аз шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд, Истаравшан, Истиқлол ва навоҳии Айнию Ашт ва Кӯҳистони Мастчоҳу Мастчоҳ зимни суханронӣ аз хусусиятҳои шеъри соҳибҷашн, шахсияти ӯ ва нақши шеъру сухан дар ҳаёти Мирзоҳайдари Умарзод фикрҳои худро баён намуданд. Шеърхонии соҳибмаҳфил, адибону донишҷӯёни эҷодкор, хонандагони макотиби ноҳия ва рақсу сурудҳои фарҳангиёни Мастчоҳу Истиқлол ба чорабинии мазкур шаҳомати дигар эҳдо кард. Ёдовар мешавем, ки 28 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Истиқлол низ ба муносибати ҷашнҳои мубораки Мирзоҳайдари Умарзод чунин чорабинии зебо баргузор шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>