Эҳтироми забони модарӣ

АШТ.  Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт конференсияи назариявӣ таҳти унвони “Эҳтироми забони модарӣ” бо иштироки 160 нафар омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид. Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Зиёӣ Б. ҳусни оғоз бахшида, мақсади баргузории чорабиниро ба ҳозирин шарҳ дод. Баромадкунандагон дар мавзӯъҳои “Таърихи пайдоиш ва ташаккули забон”, “Мақом ва асолати забон дар ҷомеаи навини тоҷикон”, “Забон ҷузъи муҳими фарҳанги миллист”, “Умри забон умри миллат”, “Забон – шиносномаи миллат”, “Хизматҳои беназири Пешвои миллат дар гиромидошти забони модарӣ” маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд. Дар интиҳо Б.Зиёӣ оид ба хизматҳои шоёни Президенти мамлакат баромад намуда, аз ҷумла баён дошт, ки сарвари давлати тоҷикон беш аз ҳар каси дигар дар ғами тозагии забон ҳастанд ва дар ҳар суханрониву маърузаҳояшон ба ин таъкид мекунанд. Пешвои муаззами миллат ҳаммилатонро ба омӯзиши пайвастаи забон даъват мекунанд ва ҳамзамон ба бузургиву азамати забони модарӣ таъкид менамоянд. Дар интиҳо аз ҷониби аъзоёни маҳфили адабии Ворисони Маъдан  дар ситоиши забон порчаҳои шеърӣ қироат карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>